Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сатҳи таваррум - 2,6 %?


Бонки миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки сатҳи таваррум, ё инфлятсия дар кишвар дар 4 моҳи соли ҷорӣ 2,6 дарсадро ташкил додааст.

Сатҳи таваррум дар Русия дар ин давра 4,8 дарсад ва дар Укроин 9,7 дарсад боло рафтааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мақомоти ҷумҳурӣ, тавлиди коло дар се моҳи соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст ва Тоҷикистон аксари колоҳои ниёзи худ, бахусус маводи ғизоиро аз Русия ва Укроин ворид мекунад. Ва нархи молҳои воридотӣ дар бозорҳои дохилӣ нисбат ба қимати молҳо дар кишварҳои воридкунанда ба маротиб бештар мебошад.

Ва ба ин далел бархе аз коршиносон ин арқоми ироашуда аз сӯи Бонки миллӣ дар мавриди таваррумро зери суол мебаранд. Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров далели ироаи арқоми ғайривоқеӣ аз сӯи мақомоти Тоҷикистонро чунин тавзеҳ дод: Давлат бо ҳисоботи ғайривоқеӣ талош мекунад аз норизоияти мардум ҷилавгирӣ кунад. Ба назари ман, сатҳи воқеии инфлятсия дар Тоҷикистон наздик ба 50 дарсадро ташкил медиҳад».

Тоҳири Абдуҷаббор, иқтисоддони саршиноси Тоҷикистон, низ ба ҳамин назар аст. Оқои Абдуҷаббор дар ин бора гуфт, «мутаассифона, оморе, ки аз сӯи давлат ироа мешавад, зиддунақиз аст. Ва ҳич касе нест, ки ин оморро баррасӣ кунад. Ба назари ман, оморе ки ҳукумат ироа мекунад, 20 дарсади он воқеият надорад».

Тоҳири Абдуҷаббор далели ироаи рақамҳои зиддунақиз аз сӯи ниҳодҳои давлатиро ба набудани робита миёни ин ниҳодҳо, ҳамчунин усул ва шеваҳои раҳбарии замони комунистӣ дар Тоҷикистон рабт медиҳад, ки аз даврони Шуравӣ ба мақомоти Тоҷикистон мерос мондааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир низ ниҳодҳои давлат мустақил бар асоси меъёрҳои иқтисоди бозори озод фаъолият намекунанд, балки фармон аз болоро иҷро менамоянд.

Ба эътиқоди Ҳоҷимуҳаммад Умаров ва Тоҳири Абдуҷаббор, иқтисоддонҳои саршиноси Тоҷикистон, барои аз байн бурдани ҳадсу гумон ва беэътимодиҳо ба омори ирокардаи давлат пешниҳод мекунанд, ки дар Тоҷикистон як ниҳоди мустақил ташкил шавад, то ин ҳисоботҳоро дақиқ баррасӣ кунад ва ба мардум бирасонад.

XS
SM
MD
LG