Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи тавофуқи Тоҷикистон бо раёсати шаҳри Маскав, минбаъд муҳоҷирони корӣ дар ин шаҳр бар асоси дархости корхонаҳо ба кор қабул мешаванд.

Тибқи ин тавофуқ корфармо зимни дархости ирсолкардаи худ ба вазорати кори Тоҷикистон бояд касби коргар, шароити кор, кафолатҳо ва музди коргарро ва инчунин ҷои зисти ӯро зикр кунад. Мақомоти вазорати кори Тоҷикистон мегӯянд, тавофуқ бар сари наҳваи фиристодани муҳоҷирини корӣ тибқи қарордод барои кор ба шаҳри Маскав иқдомест дар ростои танзими равонади муҳоҷирати корӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон.

Шукурҷон Зуҳуров, вазири кори Тоҷикистон, мегуяд, феълан аксари муҳоҷирини кори Тоҷикситон бидуни қарордиди расмӣ кор мекунанд ва ба ин далел ҳуқуқи онҳо нақз мешавад ва ё маоши андак мегиранд. Ва дар сурати ба расмият даровардани қарордодҳои корӣ ин мушкилот метавонад рафъ шавад. Оғои Зуҳуров мегӯяд, бояд муҳоҷирони корӣ қабл аз рафтан ба Русия омузшҳои заруриро пушти сар кунанд ва чун мутахасис ба кор фиристода шаванд.

Шукурҷон Зуҳуров, вазири кори Тоҷикисто, ҳамчунин афзуд, дар соли гузашта Тоҷикистон дархости 800 ҳазор ҷои кор барои муҳоҷирони кориии худ аз Русия карда буд, вале ҷониби Русия дар посухи ин дархост барои Тоҷикистон танҳо 200 ҳазор ҷои кор муаян кардааст.

Вазири кори Тоҷикистон афзуд то кунун шартномаҳои миёни Тоҷикистон ва Русия дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кори тоҷик то поён иҷро намешавад.

Аммо Сулаймон Шоҳзода, роҳбари барномаи Бунёди иҷтимоии «Тоҷикистон», ки ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирин дар Маскав машғул аст, мегӯяд, тавофуқ бар асри наҳваи фиристодани муҳоҷирин тибқи қарордоди пешакӣ бар нафъи муҳоҷирон аст. Аммо то ҳоли ҳозир ба ҳоли иҷро дар наёмадааст.

Феълан кор ба сурати қаблӣ сурат мегирад, муҳоҷиринба Русия ворид мешавад, аз қайди хадамоти муҳоҷират ва муассисаҳои тиббӣ мегузаранд ва иҷозаи кор дарёфт мекунанд ва дар навбати кор меистанд. Ва ҳеҷ санади изофӣ феълан аз вазорати кор ва ё муассисаи дигар ва ё қарордод тақозо карда намешавад.

Аммо Шоҳзода дар мавриди аҳамияти ин тавофуқи миёни Тоҷикистон ва шаҳри Маскав гуфт, тавофуқи ҳосилшуда албатта ба манфиати муҳоҷирони корӣ аст, аммо наметавон гуфт, ки чӣ пайомаде хоҳад дошт, яъне ҷомеа ба он чӣ вокунише нишон хоҳад дод.

Ба гуфтаи вазири кори Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар Русия ҳудуди як миллион нафар муҳоҷири кори тоҷик ба сар мебарад. Ва бино ба ҳисобҳои тахминии созмонҳои вобаста ба муҳоҷирони корӣ, ҷамъи зиёди ин муҳоҷирон дар Маскав ва шаҳрҳои атрофии он машғули кор ҳастанд.

XS
SM
MD
LG