Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Иштибоҳ» - лаҳзае аз ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон


Нахустин филми коргардони ҷавон Муҳаммадрабеъи Исмоил бо номи «Иштибоҳ», ки бо кумаки шабакаи СМТ таҳия шудааст, ба маърази тамошо гузошта шуд.

«Иштибоҳ» унвон гирифтани филм бо муҷарради тамошои 20 дақиқае аз он бисёр муассир ва такондиҳанда маълум мешавад. Ин иштибоҳ иштибоҳи зиндагӣ ва иҷтимои имрӯз ва рӯйкарди бидуни пардаи зуҳуроти мавҷуд дар Тоҷикистон аст. Ривояти филм ин аст, ки қаҳрамони он - ҷавони донишҷуе бо номи Сайёд, ки ошиқ низ ҳаст, бемор мешавад ва маъшуқаш ба ӯ хиёнат мекунад ва дар ин миён табибон бемории ӯро саратон ташхис медиҳанд.

Қабл аз ҷарроҳӣ тасодуфан духтуре таърихи бемориҳоро варақ мезанад ва маълум мекунад, ки ташхиси духтурон иштибоҳ аст. Ва ба ҷои беморе дигар натиҷаи намунагириҳоро иштибоҳан ба дафтари бемории номи Саёд сабт кардаанд. Саёд, ки дигар худро ба марг омода карда буд, ба ин бовар намекард, вале ба тадриҷ зиндагиро дубора аз сар мегирад. Ин руйкард ва воқеияти зиндагӣ аст

Лутфулло Давлатов, ҳунапешаи шоистаи Тоҷикистон ва аз офарандагони яке аз нақшҳои ин филм, мегӯяд, тавассути филм талош шудааст бархе нуқсонҳои ҷомеъа ифшо шавад, то дар талоши он саъй намоем.

Ҳунарпешаи шинохта Лутфулло Давлатов яке аз нақшҳои филмро бозидааст

Аммо Зинатуллоҳи Исмоил, продюсери ин филм ва мудири кулли СМТ, ки таҳияи «Иштибоҳ»-ро сармоягузорӣ кардааст, мегӯяд, мушкили аслӣ дар сохтани филм имрӯз ҷалби сармоягузорон барои сохтани филм аст. Ӯ мегӯяд, кори мушкилест ҷалби сармоягузорӣ, аммо вақте аз ифтихори миллӣ ҳарф мезанем, бояд барои сохтани типпи миллӣ сармоягузорӣ кунем. То тавассути филм, ки намои миллист, дар ҳар куҷое аз дунё битавонем худро муарифӣ намоем.

Ин дар ҳолест, ки Нуруллоҳи Абдулло, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, низ мегӯяд, дар талош аст, то намоишномаи машҳури худ бо номи «Афсонаҳои мӯйсафед»-ро рӯи навор биёрад. Аммо, мегӯяд ӯ, дар Тоҷикистон бизнеси филмро ёд нагирифтаем, ҳоло он ки дар дуне бизнеси филмсозӣ баробари даромади газу нафт аст.

Ба ҳамин тартиб, эътимодсозӣ миёни маҳофили ҳунарӣ ва сармоядорӣ барои ҷалби сармоя ҷиҳати сохтани филм идома дорад ва то кунун бархе сармоядорон низ барои филмҳои кучак ва мустанад пул додаанд, вале СМТ зарфи як соли фаъолияти худ дуввумин филми таҳиякардаи худро ба номиш мегузорад. Дар моҳи ноябри соли гузашта тавассути сармоягузории ҳамин шабакаи телевизионӣ филми коргардон Валиҷон Назаров «Беназир» рӯи саҳна омада буд.

Филмсозон мегуянд, агар саромядорон омодаи сармоягузории филмҳо бошанд, толори моломоли табмошобин дар филми «Иштибоҳ» гувоҳи истиқболи бинанда аст ва ин итминонро ба сармоядорон медиҳад, ки пулашонро бо фоида пас хоҳанд гирифт.

XS
SM
MD
LG