Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти шуғли аҳолии Хатлон аз таъсиси бозори расмии мардикорон дар чанд шаҳру ноҳияи ҷануби Тоҷикистон хабар дод.

Ҳамакнун хадамоти мазкур тарҳи як Низомномаи таъсиси бозорҳои нави мардикоронро таҳия кардааст ва бо пазируфта шудани ин барнома аз сўйи вакилони маҷлиси намояндагони халқи вилояти Хатлон, имкон дорад ояндаи надик нахустин бозори расмии мардикорон дар маркази маъмурии устон – шаҳри Қўрғонтеппа таъсис дода шавад. Саймуддин Насриддинов, сардори идораи шуғли аҳолӣ ва таъмини иҷтимоии Хатлон, дар ин иртибот ба радиои Озодӣ гуфт:

«Нахустин дафтари мо дар дохили бозори марказии Қўрғонтеппа таъсис дода мешавад. Зимнан, хоҳишмандон омада дар ин дафтар номнавис хоҳанд шуд ва корфармоён, онҳое, ки масалан мехоҳанд, бо истифода аз нерўи ҳамин мардикорон манзили зисташонро тармим бикунанд, ё сохтмонҳо ва умури дигареро анҷом бидиҳанд, низ бо миёнҷигии дафтари бозори мардикорон, онҳоро киро мекунанд…»

Ва аммо ба эътиқоди коршиносони маҳаллӣ, қонуни мусоидат ба шуғли аҳолии Тоҷикистон таъсиси бозори мардикоронро ғайримумкин медонад ва мебояд қабл аз ташкили чунин «бозорҳо» нахуст парлумони кишвар ба ин қонун тағйирот ворид намояд.

Ҳангомаи Исмат, рўзноманигори маҳаллӣ, мегўяд, таъсиси бозори мардикорон натанҳо боиси коҳиш ёфтани шумори бекорон намегардад, балки дар фаъолият ва рўзгори онҳо садди дигаре дар миён хоҳад гузошт:

«Имрўзҳо ҳам бозори мардикорон ба сурати ғайрирасмӣ вуҷуд дорад ва ҷавонмардони зиёде якҷо гирд омада, интизори корфармо менишинанд, то бо дарёфти пайсае хонаводаи худро таъмин бикунанд. Аммо вақте бозори расмии мардикорон таъсис дода мешавад, назорати давлат болои ин бозор бештар гардида, аз онҳо андоз ситонида мешавад ва шояд он замон, шумори нафароне, ки ба муҳоҷирати корӣ, ба хориҷ аз кишвар мераванд, бамаротиб бештар гардад».

Ва аммо масъулини Хадамоти шуғли аҳолии Хатлон бо таъкид ба зарурати таъсиси бозори расмии мардикорон мегўянд, дар тамоми ҷаҳон аз таҷрибаи ба истилоҳ, бозори мардикорон, фаровон истифода мекунанд ва ба ин васила буҷаи давлат ғанитар ва низ шумори бекорон дар кишвар коҳиш хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи Саймуддин Насриддинов, сардори идораи шуғли аҳолӣ ва таъмини иҷтимоии Хатлон, дар айни замон дар қаламрави ин вилоят наздик ба 4 ҳазор нафар расман бекор ҳисобида шуда, барояшон ҳар моҳ дар ҳаҷми як маоши ҳадди ақалл, яъне 20 сомонӣ ҳақмузди муваққат дода мешавад.

Ҳамзамон дар соли ҷорӣ наздик ба дуюним ҳазор сокини Хатлон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин шудаанд, аммо бо маоши ками ба ҳисоби миёна 120 сомонӣ, муодили 35 доллари амрикоӣ. Ин дар ҳолест, ки номгўйи меъёри ҳатмии истеъмоли ғизо дар Тоҷикистон, тибқи арзёбиҳои тахминии давлат, баробар ба 156 сомонӣ ба ҳар сари аҳолӣ будааст.

Хадамоти шуғли аҳолии Хатлон, иллати аслии муҳоҷирати оммавии сокинони вилоят ба мардикориро маҳз дар камии ҳақмузд ва набуди ҷойҳои мувофиқи корӣ дар дохили кишвар мехонад.

XS
SM
MD
LG