Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмаъи маҳсулоти умумии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 48 дарсадро ташкил медодааст.

Ва ба эътиқоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ин саҳм то соли 2009 то 55 дарсад хоҳад афзуд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон як кишвари воридкунандаи маводи ғизоӣ, дастгоҳу мошинолот, маводи сохтмонӣ ва ғайра маҳсуб мешавад ва Тоҷикистонро буҳрони ғизоӣ дар пешорӯст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар паёми солонааш ба порлумон ба аҳамияти фаъолияти бахши хусусӣ дар пешрафти иқтисоди ҷумҳурӣ таъкид кард ва гуфт, бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна пешниҳод мегардад, ки ба тамоми намуди санҷишҳои онҳо муддати 2 сол мараторий эълон карда шавад.

Матлуба Улҷабоева, раиси Иттиҳодияи тоҷирони миёна ва хурди Тоҷикистон, таъвиқи дусола дар баррасии фаъолияти соҳибкорон ва тоҷиронро гоме ба пеш дар бахши хусусӣ хонд. Вале, ба эътиқоди вай, ин муддат барои рушди бахши хусусӣ нокофист ва дар ҳалли мушкили тоҷирон ва соҳибкорон нақши муҳимеро ифо намекунад.

Ба гуфтаи бархеи дигари тоҷирон ва соҳибкорон, мушкили умдаи бахши хусусӣ таруфаҳои молиётӣ ва қарзҳои миёншикани бонкҳо мебошад. Фахриддин Неъмат, як тан аз тоҷирони кишвар, гуфт, ки аз пуштибонии раиси ҷумҳурӣ аз рушди бахши хусусӣ интизориҳои дигар доштем. Вай афзуд, «манъи тафтиш имтиёз нест. Имтиёз бояд қарз бо фоизи арзон бошад, аз 8 то 12 дарсад. Тоҷир бояд то чанд сол аз имтиёз бархурдор бошад. Мо аз давлат чунин имтиёзҳоро интизор доштем».

Ба гуфтаи Фахриддин Неъмат, дар ҳоли ҳозир беш аз 700 ҳазор нафар сокинони ҷумҳурӣ дар бахши хусусӣ фаъолият доранд. Ва дар сурате, ки давлат барои рушди бахши хусусӣ монеъаҳои эҷодшуда аз сӯи мақомоти идораҳои давлатро аз байн бубарад, дар он сурат бахши хусусӣ имкон дорад Тоҷикистонро бо маводи мухталифи ниёзи мардум таъмин кунад.

Ба эътиқоди Фахриддин Неъмат, то ҳадде, ки давлат тавонад таруфаҳои молиётӣ, бахусус НДС-ро коҳиш диҳад, ба ҳамон андоза теъдоди колоҳои воридотӣ ба ҷумҳурӣ меафзояд ва қимати колоҳо дар бозорҳои дохилӣ боло намеравад.

XS
SM
MD
LG