Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мири Душанбе "Роғун"-ро бо кумакпулии халқ сохтанист


Маҳмадсаид Убайдуллоев, мири шаҳри Душанбе

Маҳмадсаид Убайдуллоев, мири шаҳри Душанбе

М. Убайдуллоев аз муассисоту созмонҳои пойтахт тақозо кард, то маоши якмоҳаи худро ба хазинаи нерӯгоҳи Роғун ихтисос бидиҳанд.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе, мегуяд, ин даъват дар пайи муроҷиати раиси ҷумҳурии Тоикистон дар мавриди саҳмгузории шаҳрвандон дар сохтмони неругоҳи мазкур сурат гирифтааст. Оқои Саидов афзуд, шаҳрдорӣ мехоҳад то 15–уми июли соли ҷорӣ аз ҳисоби маоши сокинони пойтахт ба хазинаи тарҳи Роғун беш аз 10 миллион доллар ворид шавад.

Ба қавли ӯ, ҳар як корманди муассисоти давлатӣ ва ширкатҳои хусусии Душанбе дар давоми ду моҳи оянда 50 дарсад аз маоши моҳҳои май ва июни худро ба суратҳисоби неругоҳи Роғун интиқол медиҳад.

Аммо коршиносон мегӯянд, пешниҳоди шаҳрдорӣ дар ҳолест, ки ҳудуди шаст дарсади мардуми Тоҷикистон дар ҳоли фақр ба сар мебаранд ва маоши аксари онҳо ҳудуди 100 сомонӣ, ё худ 30 долларро ташкил медиҳад ва мардум феълан дар шароити афзоиши нархҳо намедонанд бо чӣ роҳ рӯзгори худро пеш бибаранд. Коршиносон мегуянд, чунин як даъват барои эҳдоси нерӯгоҳи Роғун муассир нахоҳад буд.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коминусти Тоҷикистон ва вакили парлумони Тоҷикистон, мегуяд, дар ҳоле барои амалишавии ин тарҳ аз 2 милиард то 4 милиард доллар зарур аст, 10 милион доларе, ки шаҳрдорӣ мехоҳад аз мардум ҷамъоварӣ бикунад, барои иҷрои ин тарҳ маблағи ночиз ба шумор меравад. Ба эътиқоди оқои Шабдолов, Тоҷикистон бидуни мусоидати кишварҳо ва ё ширкатҳои хориҷӣ наметавонад ин тарҳро анҷом бидиҳад. Вай меафзояд, шахсан худи ӯ тасмим нагирифтааст, то маоши вакилиашро ба иҷрои ин тарҳ равона кунад.

Коршиносон мегӯянд, дар солҳои 90–уми қарни гузашта аксари мардуми Тоҷикистон бо ҳамин гуна даъват барои эҳдоси нерӯгоҳи обии «Сангтуда–1» низ маблағи зиёде ба давлат супорида, саҳмияҳои онро харида буданд, вале давлати Тоҷикистон дар бораи саҳми шаҳрвандон ва даромади онҳо хомушӣ ихтиёр варзидааст. Ин дар ҳолест, ки феълан эхдоси ин неругох аз суйи ширкати «РАО ЕЭС»- Русия сурат мегирад ва 75 дарсади саҳмияи ин нерӯгоҳ моли давлати Русия маҳсуб меёбад.

Одил Олимшоев, коршиноси масоили иқтисодӣ, мегӯяд, дар ҳоле мардум аз саҳмгузорӣ дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳеҷ даромад нагирифтаанд, иҷрошавии дархости шаҳрдорӣ дар хусуси саҳмгузорӣ ба тарҳи Роғун аз сӯи шаҳрвандон аз эҳтимол дур аст.

Коршиносон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дархости шаҳрдорӣ монанди замони шӯравӣ ва солҳои аввали касби истиқлол ба амри иҷборӣ табдил хоҳад ёфт ва мардум аз маоши якмоҳаи худ маҳрум хоҳанд шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG