Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати мобилии «Вавилон-Т» дар як конфронси байнулмилалӣ дар Урдун дар миёни 4000 ширкатҳои ҳамтои худ дар ҷаҳон беҳтарин дониста шуд.

Ин конфронс таҳти унвони «Ассосиатсияи байнулмилалӣ оид ба мубодилаи донишҷуён барои таҷрибаомӯзии техникӣ» дар кишвари Урдун баргузор шуд. Бахтиёр Муъминов, мудири техникии ширкати «Вавилон-Т», ки ширкати мазбурро дар конфронси Урдун намояндагӣ мекард, дар суҳбат бо радиои Озодй гуфт, аз он ки талаботи озмуни мазбур басо ҷиддӣ ва дар сатҳи баланди касбй ба роҳ монда шуда буд, шахсан худи ӯ итминон надоштааст, ки ширкати онҳо ба чунин ҷоизаи баланд - ба гирифтани ҷойи аввал сазовор дониста мешавад.

Бино ба гуфтаи масъулини ширкати «Вавилон-Т», дар баробари ҷавонони кишвар инчунин теъдоди зиёди донишҷуёни хориҷй қариб аз тамоми кишварҳои аврупой ва осиёӣ дар ин ширкат таҷриба меомузанд ва технологияи навтарини соҳаи мухоибиротро, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад, аз худ мекунанд.

Беҳруз Файзуллоев, мудиркули ширкати «Вавилон-Т», гуфт, ширкати мазбур дар тамоми нуқоти Тоҷикистон ва бархе аз кишварҳои ҳамсоя фаъолият мекунад ва яке аз ҳадафҳои аслии он бо ҷойи кору маоши беҳтар таъмин кардани теъдоди ҳар чй бештари ҷавонони соҳибмаълумоту бекор будааст.

Ва дар ҳамин ҳол Суҳроб Умаров, яке аз кормандони техникии ширкати «Вавилон-Т», мегуяд, барои дар ин ширкат ба кор даромадан вай талошҳои зиёде кардаву аз чанд озмун гузаштааст ва фикр мекунад, ки талошҳояш барабас набуд, зеро маоши мегирифтааш сад дарсад барои таъмини хонаводаш мерасад ва инчунин вай дар ин ширкат бо технологияи навтарин ошно шудааст. Суҳроб афзуд, вай тули 6 моҳ дар кишвари ҳасояи Афғонистон ба сар бурда ҳамтоёни афғони худро омузиш додааст.

Ва аммо коршиносон бар ин назаранд, ки шояд дар қиёс бо дигар ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон, «Вабилон-Т» пешрафтатар бошад, вале нархи тарофаҳо ва хидматрасонии он мисли дигар ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон бо ҷайби мардуми Тоҷикистон - кишваре, ки бахши аъзами аҳолиаш дар ҳоли фақр ба сар мебаранд, мувофиқат намекунад.

Ба ин тартиб гуфта мешавад, ширкати «Вабилон-Т» аз соли 2002 ба ин ҷониб дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Ва дар ҳоли ҳозир, теъдоди муштариёни он дар кишвар, ҳудуди 800 ҳазор нафарро ташкил мекунанд.

XS
SM
MD
LG