Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукумат тендеру музоядаро шаффоф карданист


Наҳваи харидории мавод ва молу коло барои ниҳодҳо ва муассисоти давлатӣ дар Тоҷикистон иваз хоҳад шуд.

Ин қарор дар як нишасти байнулмилалӣ дар мавзӯи таъмини шаффофият ва ҷилавгирӣ аз мавориди фасод ба ҳангоми харидории молу коло барои ниҳодҳои давлатӣ дар шаҳри Душанбе эълон шуд. Давлати Тоҷикистон тасмим гирифааст аз наҳваи мутамаркизи харидории мавод, молу коло ва хадамоти ниёзи давлат даст кашад. Харидории мавод ва молу коло барои эҳтиёҷоти муассисот ва ниҳодҳои давлатӣ, эълом ва ташкили музояда бо ин ҳадаф дар Тоҷикистон то кунун ба шакли мутамарказ сурат мегирифт. Ва Оҷонсии хариди мол, кору хидматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ дар Тоҷикистон масъулияти ин корро бар ӯҳда дорад. Аммо аз ин ба баъд наҳваи харидории мавод ва молу коло барои ниҳодҳо ва муассисоти давлатӣ дар Тоҷикистон иваз мешавад.

Зуҳуриддин Кенҷаев, муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, гуфт, ҳукумат дар соли 2006 ба манзури таъмини шаффофият ва ҷилавгирӣ аз мавориди фасод ба ҳангоми харидории молу коло ва танзими хариди давлатӣ аз ҳисоби буҷаи давлат қонуни махсусеро ба тасвиб расонида буд. Дар доираи қонуни мазкур ва бар асоси тавсия ва талаботи Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати боз ҳам ошкоро анҷом додани муомилоти харидории амвол ва мавод барои корхона, муассисот ва ниҳодҳои вобастаи давлат ҳукумат аз истифодаи наҳваи мутамаркази ин амал даст хоҳад кашид.

Оқои Кенҷаев таъкид кард, ки ба истиснои амвол ва мавод барои ниҳодҳои қудратӣ бақия молу колои ниёзи давлат дар Тоҷикистон тавассути тендер ё музояда сурат мегирад. Ва барои харидории ин мавод аз буҷаи кишвар ҳамасола маболиғи зиёде харҷ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Файзиддин Қаҳҳоров, муовини раиси Оҷонсии хариди мол, кору хидматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, ташкил ва баргузории музоядаҳо аз сӯи онҳо бар асоси дархости идорот ва ниҳодҳои давлатӣ сурат мегирад ва гоҳо ин Оҷонсӣ тавонистааст аз ҳисоби маблағҳои пешбинишуда барои харид сарфа низ кунад. Барои мисол, дар соли гузашта тақрибан аз маблағи умумии буҷа бист дарсади он барои хариди чунин амвол пешбинӣ шуда буд, ки аз ин миён як қисми онро тавонистаанд сарфа кунанд.

Вале Холмаҳмад Раҳмонов, сардори яке аз раёсатҳои Оҷонсии мубориза бо фасод ва назорати давлатии молиявии Тоҷикистон мегӯяд, тайи бештар аз як соли фаъолият мавориди зиёдеро ошкор кардаанд, ки маблағҳои барои хариди ин ва ё он мавод пешбинӣ шуда аз сӯи масъулин ба сирқат бурда шудааст. Оқои Раҳмонов аз боздошти муовини пешини вазири кишоварзии Тоҷикистон бо ҳамин иттиҳом ёдовар шуд, ки дар ҳоли ҳозир баррасии парвандаи он идома дорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба эътиқоди коршиносон, ғайримутамарказ кардани хариди молу коло аз ҳисоби буҷаи давлат ва ба ихтиёри худи ниҳодҳо вогузор кардани он дар ҳоле муфид хоҳад буд, ки ин амал шаффоф ва ошкоро сурат бигирад. Аз сӯи дигар, мегӯянд коршиносон, баъид ба назар мерасад, ки шаффофият дар сарфу харҷи маблағи буҷа дар ҳоле, ки истифода ва ҳатто назорати он дар дасти як гурӯҳи муайян аст таъмин шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки созмони «Транспаренси интернэшнл» ё «Шаффофияти байнулмилал» Тоҷикистонро дар қатори даҳ кишвари фасодзадаи олам ҷой додааст.

Зимнан дар ин нишасти байнулмилалӣ ба истиснои намояндаи Узбакистон намояндагон аз созмонҳои молии байнулмилалӣ ва ҳамчунин аз кишварҳои Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон иштирок доранд. Гуфта шуд, ки яке дигар аз аҳдофи ин нишаст, ки то ду рӯзи дигар идома меёбад, омӯзиш ва табодули таҷриба миёни мутахассисони ин кишварҳо мебошад.

XS
SM
MD
LG