Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқи фулузот аз Суғд


Идораи гумруки вилояти Суғд гуфт, ки дар се моҳи аввали соли равон аз қочоқи 30 тон фулузоти ранга ва сиёҳ пешгирӣ кардааст.

Ба гуфтаи Инъом Очилов, сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии идораи мазкур, аз ин миқдор беш аз 20 тон фулузоти ранга ва боқӣ фулузоти сиёҳ буда, аз дасти қочоқгарон, ки мехостанд ба Қирғизистон интиқол диҳанд, мусодира шудааст. Ба гуфтаи вай, кормандони гумрук ахиран беш аз 20 тон фулузоти рангаро дар як мошини «Камаз» ҳангоми бо роҳи пинҳонӣ интиқол додан ба вилояти Ботканди Қирғизистон кашф кардаанд.

И. Очилов афзуд , ки дар соли гузаштаи 2007 кормандони идораи гумруки Суғд аз берун рафтани беш аз 100 тон фулузоти ранга аз қаламрави Суғд ба вилояти ҳаммарзи Ботканди Қирғизистон ҷилавгирӣ карда буданд.

Масъулини идораи гумруки Суғд гуфтанд, ки умдатан пораҳои фулузоти оддии аз қабили алюминий, мис, руҳ ва қалъагӣ қочоқ мешавад, аммо ҷой доштани мавориди қочоқи фулузоти дорои радиоактив аз Суғдро радъ карданд. Ба гуфтаи онҳо, дар тамоми гузаргоҳҳои Суғд дастгоҳҳои чен кардани дараҷаи радиатсия гузошта шудааст ва мутахассисини гумрук аз интиқоли моддаҳои дорои радиоактив шадидан назорат мебаранд.

Аммо дар моҳи декабри соли гузаштаи 2007 дар як қатори борбари корхонаи мавсум ба «Темир»-и Қирғизистон дар марзи Узбакистон маводи дорои радиоактиви Сезиум– 37 ошкор гашта, мақомоти Қирғизистон эълон дошта буд, ки он вагон ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Иддаое, ки аз сӯи мақомоти Тоҷикистон радъ гаридид.

Аммо Музаффар Юнусов – муовини раиси корхонаи «Востокредмет» эҳтимоли дар солҳои пеш дар қатори оҳанпораҳои дигар аз Тоҷикистон берун бурдани маводи радиоактивӣ, мисли Сезий – 137 бинобар беназоратии марзҳо радъ накард. Ба гуфтаи вай, дар тайи солҳои ахир ин гуна ҳодисаҳои интиқоли маводи радиоактивӣ дар дохили қаламрави Тоҷикистон ду - се маротиба ба қайд гирифта шудааст.

Масъулини идораи гумруки Суғд мегӯянд, ки содироти фулузоти сиёҳ аз қаламрави Тоҷикистон бо амри раисҷумҳур аз соли 1997 манъ карда шудааст. Аммо бо ин вуҷуд, ба гуфтаи таҳлилгарон ва коршиносон, оҳанпораҳои сиёҳ ва ранга дар мантиқи марзии Суғд дар бозорҳои сиёҳ тиҷорат ва бо роҳҳои кочоқӣ ба берун аз Тоҷикистон, умдатан ба Қирғизистон интиқол дода мешавад.

Ба гуфтаи онҳо, азбаски хати марзи эҳтимолии байни Тоҷикистону Қирғизистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ду тарафи як роҳи асосии нақлиётӣ мегузарад ва муайяну нишонгузорӣ нашудааст, амалан таҳти назорат гирифтани хати марз ва ҷилавгирӣ аз қочоқ номумкин мебошад. Кормандони ниҳодҳои масъул умдатан ба интиқоли миқдори зиёди фулузот аҳамият медиҳанд ва аз мавориди қочоқи миқдори ночизи он чашм мепӯшанд.

Се сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора гуфтанд, ки дар ин минтақаи ҳаммарз бо вилояти Ботканди Қирғизистон бозори сиёҳи оҳанпора фаъол аст, ки дар он қирғизҳо аз сокинони Суғд пораҳои фулузоти ранга ва сиёҳро бо нархҳои ночиз, як кило аз 1 то 10 сомонӣ харида, баъд озодона ба миқдори кам – кам, дар аробаву нақлиёт ва дастӣ ба кишвари худ мегузаронанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров афроди ҷудогона нуқтаҳои хариди оҳанпора ташкил додаанд, ки пораҳои фулузи гуногунро аз сокинони маҳаллӣ ҷамъ оварда, ба умдахаридорони Ботканд мефурӯшанд.

Аммо масъулини идораи гумруки Суғд мегӯянд, ки дар тайи солҳои ахир интиқоли ғайриқонунии фулузот аз Суғд дар пайи кам шудани оҳанпора ва сахт шудани назорати ҳамлу нақл нисбатан коҳиш ёфтааст. Дар Суғд нуқтаҳои хариди оҳанпора дар Хуҷанду Қайроқум ва Спитамен боз шуда, аммо корхонаҳои коркарди оҳанпора дар заминаи онҳо ҳанӯз пурра фаъол нашудааст.

XS
SM
MD
LG