Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти вазорати адлияи Тоҷикистон мегуянд, ахиран шумори издивоҷҳои расмӣ назар ба соли гузашта 10 дарсад афзоиш ёфтааст.

Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи Тоҷикистон, гуфт, ки дар ин муддат беш аз 26 ҳазор нафар издивоҷ карда ва асноди расмии ақди никоҳ гирифтаанд. Ба назари оғои Худойдодов, сабаби аслии афзоиши сабти номи никоҳи расмӣ қабули қонуни ба танзим даровардани расму ойинҳо будааст. Тибқи муқаррароти ин қонун никоҳи шаръӣ ё мусулмонӣ бидуни дарёфти санади расмии ақди никоҳ аз мақомоти сабти ҳолати шаҳрвандӣ мамнуъ аст.

Аммо то қабули ин қонун дар соли гузашта бисёре аз издивоҷҳо танҳо бо никоҳи шаръӣ ва бидуни сабти ном расмӣ сурат мегирифт. Ва иҷрои муқарароти нав боис шудааст, ки шумори сабти никоҳи расмӣ афзоиш пайдо кунад. Аммо ҳамзамон вазири адлия гуфт, масъалаи талоқ низ ҳамчунон аз мушкилоти иҷтимоист, вале ба гуфтаи мақомоти вазорати адлия дар нисбат ба шумори издивоҷҳо хеле андак мебошад.

Аммо афзоиши издивоҷҳо аз ҷониби дигар боиси нигарониҳо низ шудааст. Яке аз ҷанбаҳои нигаронӣ издивоҷи духтарон дар синни бисёр пойин аст. Ва ба назари коршиносони умури иҷтимоӣ, як иллати аз ҳам пошидани хонаводаҳои ҷавон низ қабл аз сини балоғат ва бисёр зуд ба шавҳар додани духтарон аст. Хайринисо Юсуфӣ, раиси кумитаи занон ва хонаводаи назди ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, ин масъала акнун яке аз масъалаҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ин кумита барои рафъи он талош мекунад.

Аммо мақомоти вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯянд, ахиран тамоюли ба шеваи тоҷикӣ тағйир додани номҳо низ мушоҳида шудааст. Ба гуфтаи ин мақомот, зарфи се моҳи соли равон беш аз ду ҳазор нафар, ном ва номи хонаводагии худро аз шакли славянӣ ба шеваи тоҷикӣ табдил кардаанд.

XS
SM
MD
LG