Пайвандҳои дастрасӣ

Қонуни дастрасӣ ба иттилоот тасвиб шуд


Ҷаласаи порлумони Тоҷикистон

Ҷаласаи порлумони Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо иттифоқи раъйҳо тарҳи қонун «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттиллот»-ро ба тасвиб расонд.

Ин барои бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон қонуне, ки ҳуқуқи дастрасии шаҳрвандон ба иттиллоъро танзим кунад, таҳия ва қабул мешавад. Ин қонун тарзу усул, шароити дастрасӣ ба иттилоъ, вазоифи афроди масъул барои додани иттиллоъ ва ҳамчунин мӯҳлати дарёфти онро мушаххас кардааст. Минбаъд мансабдороне, ки дар додани иттиллоъ сарпечӣ мекунанд, дар асоси ин қонун муҷозот хоҳанд шуд.

Ҷустуҷӯи озодонаи ба даст даровардани иттиллоот аз сӯи шаҳрвандон ва таъмини фаъолияти ошкор ва шаффофи мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз боло то ба пойин аз аҳдофи дигари қабули тарҳи қонун «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» унвон шудааст.

Олимҷон Салимзода, муовини раиси кумитаи равобити байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва аз муаллифони тарҳи мазкур, гуфт, бо тасвиби он шароити ҳуқуқии ба даст овардани маълумот ва ахбор барои шаҳрвандони тоҷик аз ҳама ниҳод ва идороти давлатӣ ва ғайридавлатӣ фароҳам шудааст. Ва дар ҳоле, ки Тоҷикистон дар роҳи эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дорад, қабули як чунин қонун, ки тарзу усул, шароити дастрасӣ ба иттилоъ ва вазоифи афроди масъул барои додани иттиллоъ ва ҳамчунин мӯҳлати дарёфти иттилоъро мушаххас карда бошад, ногузир аст.

Аз сӯи дигар, меафзояд оқои Салимзода, ин қонун имкон медиҳад, ки шаффофият дар кор ва фаъолияти муассиса ва ниҳодҳои давлатӣ таъмин карда шавад. Зеро барои надодан ва ё сарпечӣ аз ироаи иттиллоот ба истиснои маълумоти асрори давлатӣ, ки ифшо кардани он амнияти кишварро зери зарба қарор медиҳад, шахси масъул ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Хуршеди Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, пазируфта шудани қонуни мазкурро як гоме мусбат ҷиҳати рушди низоми демократӣ дар кишвар хонд. Вале вай гуфт, дар татбиқи он ва махсусан мурооти он аз сӯи мансабдорон тардид дорад.

Аммо Олимҷон Салимзода, муовини раиси кумитаи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, мегӯяд, қонуни мазкур танҳо барои рӯзноманигорон набуда, барои ҳамаи шаҳвандон пешбинӣ шудааст. Вай афзуд қонун афроди масъул ва мансабдорро муаззаф мекунад, ки дар мӯҳлати пешбинишуда, ки на бештар аз сӣ рӯз аст, ахбор ва иттиллои заруриро ба шахсе, ки тақозо дорад, бидиҳад. Ва қонун муваззаф кардааст, ки посух ба ҳамон тарзе хоҳад буд, ки пурсида шудааст.

Олимҷон Салимзода, муовини раиси кумитаи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, гуфт, дар ҳоли ҳозир тарҳи қонун дар бораи васоити ахбори умум низ дар баррасии порлумон қарор дорад ва бо қабул шудани он муносибати мансабдорон бо рӯзноманигорон мушаххастар хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG