Пайвандҳои дастрасӣ

Дӯсти азизи барномаи "Ояндасоз", нашри навбатии гуфтори ҷавонон аз ноҳияи Айни тақдиматон мешавад.

Ноҳияи Айнӣ, ки дар 250 километрии пойтахт қарор дорад аслан минтақаи кишоварзию саноатӣ ва куҳӣ аст. Шароити зисти мардуми Айнӣ шабеҳи сокинони Бадахшони кӯҳӣ аст, чун онҳо ҳам дар дили кӯҳ зиндагӣ мекунанд. Шуғли аслии аҳолии Айнӣ чорводорӣ ва заминкорист. Дар баробарри муҳоҷират ба Русия, як қисми аҳолии он дар сохтмони роҳу нақбҳо ва корхонаҳои тавлиди ангишту маъдан фаъолият мекунанд.

Зимистони имсола назар ба дигар манотиқи кишвар ба сокинони Айнӣ хеле сахту сангин омадаст, мавсими сармо дар ин минтақа на 3 балки то 6 моҳ идома меёфтааст. Чун бо фарорасии зимистон ва баста шудани роҳҳо мардум дар бунбаст карор мегиранд.

Дар ин сафар ба Айнӣ диққати моро як навраси 15 солае ҷалб кард, ки Сиёвуш ном дошта, истеъдоди хуби овозхонӣ дорад. Ин наврас бештар сурудани таронаҳои мардумиро дӯст дошта, маъулан дар саҳро таронахонӣ мекунад. Имруз алакай Сиёвуш яке аз овозхонони навраси иду ҷашнҳои ноҳиявӣ будааст. Садои ширини Сиёвушро метавонед дар барномаи «Ояндасоз» шунавед.

Сиёвуш хонандаи бузургтарин мактаби Айнӣ аст, ки дар он ҳудуди 700 нафар таҳсил мекунад. Мактаби рақами 1–и Айнӣ ба интернет пайваст аст, дар ҳоле ки бисёре аз мактабҳои пойтахт ба интернет дастрасӣ надоранд.

Аммо мушкили аслии хонандагон дурии роҳ аз мактаб ба манзилҳояшон аст, ки аксарият барои ба мактаб омадан то 3 километр роҳи хатарноки кӯҳсорро тай мекунанд. Дурии роҳ онҳоро хаставу гурусна мекунад, аммо онҳо интихоб надоранд, чун дар баъзе аз деҳоти хурд танҳо мактаби 4 сола амал мекунад. Ва чун аксари дигар манотиқи кишвар дурии роҳ яке аз сабабҳои аз таҳсил дур мондани ба вижа духтарон гаштааст. Барои ошноӣ оид ба ин ва дигар паҳлӯҳои рӯзгори хонадагони макотиби Айнӣ метавонед дар рӯи ин саҳифа ба «Ояндасоз» гуш бидиҳед.

Бо кӯмаки созмони кишоварзии Олмон дар мактаб гармхонае бунёд гардидааст ва хонандагон дар дарсҳои табиатшиносӣ донишҳои худро дар амал тадбиқ месозанд. Онҳо аз як порча замини на чандон бузург 3-4 маротиба ҳосил гирфита ба буҷаи мактаб то 1000 сомонӣ фоида меовардаанд.

Зимнан бо маблағгузории ҳукумати Бритониё барномаи рушди СММ лоиҳаи рушди водии Зарафшонро роҳандози мекунад, ки дар доираи он таваҷҷуҳи асоси ба соҳаи маориф ва ҳунаромӯзиву рушди соҳибкорӣ, равона шудааст.

Гремм Лотен, сафири Бритониё дар Тоҷикистон, зимни як сафари ахираш бо ҳадафи назорат аз ҷараёни ин барномаҳо, аз ноҳияи Айнӣ боздид намуд ва ҷиҳати рушди ин минтақа як қатор пешниҳодҳои худро низ иброз дошт. Вай гуфт, «умедворам анҷомёбии сохтмони роҳи Душанбе Хуҷанд, барои рушди ин ноҳия ва зиндагии сокинони он имконияти беҳтарро ба вуҷуд меорад. Ҳоли ҳозир даромади аслии ноҳия ва сокинони он аз маболиғи ба даст овардаи муҳоҷирати кории Русия иборат аст. Вазъи зиндагии мардум ҳанӯз ҳам дар сатҳи паст қарор дорад».

Гремм Лотен афзуд, «сокинони деҳоти ин минтақа ба вижа ба мушкили шадиди барқу набуди оби нӯшокӣ мувоҷеҳанд. Ва аммо мушкили асли, сатҳи баландӣ бекорӣ аст, ки аз назари ман танҳо тариқи сармоягузорӣ ва фароҳам овардани имконияти барои рушди иқтисодии ноҳия, метавонад ба рафъи ин мушкил мусоидат кунад. Дар баробари ин аз таъсири зимистон барои мардум як қатор мушкилоте пеш омадааст, аз ҷумла мушкили дастрасӣ ба маҳсулоти хурока ва захирае, ки барои зимистонгузаронӣ ҷамоварӣ намуда буданд. Аз ин рӯ ҳанӯз ҳам мардум ба кумакҳои ҳукумат ва ҷомеаи байнулмилалӣ муҳтоҷ аст.»

Ин буд фишурдае аз як сафар ба Айнӣ. Барои шунидани суҳбату қиссаҳои ҷолиб ва огоҳии бештар аз зиндагии наврасону ҷавонони ин ноҳия ба «Ояндасоз» (бо пахши нишонаи барнома дар тарафи рости болои ҳамин саҳифа) гуш бидиҳед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG