Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи ҷаҳонии китоби атфол


Бачаҳои аробакаши тоҷик

Бачаҳои аробакаши тоҷик

Ҳукумати Тоҷикистон дар Рӯзи ҷаҳонии китобҳои бачагона ҳеҷ як барномаи хосеро иҷро намекунад.

Ба назар чунин мерасад, ки на вазорати фарҳанг ва на доираҳои адабии Тоҷикистон аз ин рӯз ёд нахоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки дар кишвар нашри адабиёти бачагона кам сурат мегирад. Дар дуконҳои пойтахти Тоҷикистон, агар касе мехоҳад китоби бачагонаеро харидорӣ кунад, китоберо наметавонад, пайдо кунад.

Аммо дар ҳамин ҳол адибони тоҷик мегуянд, барои кудакон асарҳои хубу ҷолиб доранд, вале вазъи молӣ имкон намедиҳад, ки онҳоро нашр кунанд. Наримон Бақозада, адибе, ки солҳои сол барои кудакон асарҳои хубе офаридааст, мегуяд, вазъи молии адибон намегузорад, то онҳо худашон ин китобҳоро нашр кунаанд. Оқои Бақозода афзуд, масъулин ҷиҳати чопи китобҳои бапчагона аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд.

Адибони тоҷик бар онанд, ки нашри адабиёти бачагона ҷиҳати бо маърифат тарбия ёфтани кӯдакон муҳим аст. Онҳо мегуянд, дар замони гузашта ҳукумати шӯравӣ дар Тоҷикистон ба чопи асарҳои бадеии бачагона аҳамияти махсус зоҳир мекард ва ҳар сол китобҳои зиёдеро бо теъдоди аз 10 то 50 ҳазор интишор мекард, вале ҳукумати феълии Тоҷикистон ба чопи китобҳои кудакона аҳамияти ҷидӣ намедодаааст.

Азизи Азиз, адиби тоҷик, мегуяд, баъзан адабиёти бачагона таҳти сарпарастии шахсони саховатманд бо теъдоди 500–1000 нашр шаванд, ҳам кам будани теъдоди онҳо талаботи кудаконро қонеъ намекардааст. Оқои Азиз мегуяд, теъдоди 500 нусха китоб ҳатто хонандагони як мактаб кифоят намекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки вазорати маорифи Тоҷикистон ахиран бо судури як фармон нашри рӯзномаю маҷалаҳои кудаконаро мутавақиф кардааст. Вазорати маориф фармон додааст, ки минбаъд паҳн намудани нашрияҳои кудакона дар макотиби Тоҷикистон манъ аст. Ҳамакунун наздики се моҳ мешавад, нашрияҳои кудаконаи чопи Душанбе «Чашма», «Истиқбол», «Анбоз», «Офтобак» ва «Зангӯла», чоп намешаванд.

Абдувоҳиди Зевар, муҳаррири маҷаллаи «Чашма», мегуяд, вазорати маорифи Тоҷикистон дар асоси ғаразҳои шахсӣ кудаконро аз ғизои маънавиашон маҳрум кардааст, вагарна нашрияҳои кудакона ҳеҷ айбе надоштаанд. Оқои Зевар бо таасуф мегуяд, мушкилоти нашрияҳои кудаконаро сардабири маҷалаи «Чашма» Камол Насрулло дар вохурии раисҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиён ба раисҷумҳур Раҳмон гуфтаааст, вале вай ба ҳали мушкили онҳо расидагӣ накардааст.

Тибқи омори расмӣ нашрияҳои кудакона бо теъдоди 35 ҳазор нусха рангоранг бо забонҳои англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ интишор мешуданд. Адибони тоҷик мегуянд, адабиёти бачагона ба дастгирии молиявии ҳукумати Тоҷикистон ниёз доранд. Онҳо бар онанд, ки агар ҳукумат ҳоло кудаконро бо адабиёти кудакона таъмин ва тарбия накунад, фардо маърифатнок шудани онҳо багумон аст.

XS
SM
MD
LG