Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси вилояти Бадахшон Қодир Қосимов фаъолсозии муассисаҳои фарҳангиро роҳи асосии ҷилавгирии ҷавонон аз аъмоли ғайриқонунӣ номид.

Қодир Қосимов зимни мулоқот бо кормандони риштаи фарҳанг аз ҳодисаҳои номатлуби чанд моҳи ахир, ба шумули ҳамлаи мусаллаҳона гурӯҳи ҷавонон ба шуъбаи корҳои дохилии вилоят дар Хоруғ ва даргирӣ миёни соҳибкорон ва намояндагони додситонии вилоят ёдовар шуда, изҳор дошт, ки агар театр, хонаи синамо фаъолият мекарданд, ҳаргиз ҷавонон ба чунин корҳои ғайриқонунӣ рӯ намеоварданд ва лидерони ғайрирасмии кучаву маҳаллаҳоро барои худ пешво интихоб намекарданд.

Раиси вилоят гуфт, дар чунин як давраи ҳассос мақомоти давлатӣ аз риштаи фарҳанг, ба вижа ҳунармандон, кумаки бештарро интизор ва ҳамчунин бо ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба театру синамо ҳукумати маҳаллӣ имкони оромона матраҳ ва татбиқи барномаҳои иқтисодиву иҷтимоияшро пайдо мекунад.

Аммо, ба гуфтаи Назардод Ҷонбобоев, як тан аз коршиносони риштаи фарҳанг, мулоқоти раиси вилоят бо аҳли фарҳанг дар пайи дастуримақомоти болоии кишвар сурат гирифта, ба гумон аст, натиҷае ба бор оварад. Вай афзуд, вақте ки дари ягона театри вилоятӣ баставу аксари клубу кинотеатрҳо ба қаҳвахонаву тарабхонаҳои хусусӣ табдил ёфтаанд, дар бораи рушди ояндаи фарҳанг чизе гуфтан мушкил аст.

Ҷобир Қурбоншоев, ҳунарманди театри вилоятӣ, бо ҳасрат гуфт, баъди кашол ёфтани таъмири бинои театр беҳтарин ҳунармандон дар пайи ёфтани рисқу рӯзӣ театрро тарк кардаанд.

Ба гуфтаи Муҳиддин Панҷшанбиев, сардори идораи фарҳанги вилоят, воқеъан баъзе муассисаҳои фарҳангӣ ва худи ҳунармандон ногувор аст, аммо он маблағе, ки соли гузашта ҳукумати кишвар ба ин ришта ихтисос додааст, агар дуруст истифода шавад, дар соли равон, умед аст, дари чандин муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла театри вилоятӣ, дуюмбора ба рӯи тамошобинон боз мегардад.

XS
SM
MD
LG