Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабари иттиҳоми як шаҳрванди Тоҷикистон ба сӯиқасд ба ҷони президенти Русияро бофтаи матбуоти ин кишвар номид.

Давлат Назриев, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, гуфт, бар асоси иттиллое, ки онҳо аз мақомоти тафтишотии Русия дастрас кардаанд, нафаре, ки ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон дар ин навишта ном бурда мешавад, дар асл зодаи кишвари Доғистони Русия аст ва дар ҳоли ҳозир таҳти боздошт қарор дорад. Ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вале муаллифони ин хабари носанҷида бидуни санҷиш ва дақиқ кардани маълумот ӯро амдан шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд.

Оқои Назриев афзуд, нашр ва пахши чунин матолиб боиси густариши фаъолияти гурӯҳҳои миллатгаро ва ифротӣ хоҳад шуд ва ҳамчунин амнияти миллатҳои ғайрибумӣ дар Русияро таҳти хатар мегузорад.

Тибқи иттиллои нашрияи «Твой ден», чопи Маскав, ходимони амниятии ин кишвар аз анҷоми як амали террористӣ алайҳи президент Владимир Путин ҷилавгирӣ кардаанд. Нашрия аз қавли ин мақомот навиштааст, ки амали сӯиқасд аз сӯи Шоҳвалад Османов, як ҷавони 24-сола, ки табааи Тоҷикистон муаррифӣ шудааст, мебоист дар шоми рӯзи интихоботи президенти дар Майдони сурхи Маскав ба анҷом мерасид. Аммо ходимони амниятии Русия ин амалро хунсо карда ва ҳангоми таҳқиқи манзили зисти нафари мутаҳҳам силоҳ ва муҳиммот ошкор ва забт кардаанд.

Аммо хабари суиқасд ба ҷони Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар ҳоле дар нашрияи наздик ба доираҳои амниятии ин кишвар садо медиҳад, ки бархе аз коршиносон ба як марҳалаи сард дар равобити миёни Маскав ва Душанбе ишора мекунанд. Ба эътиқоди ин коршиносон, чопи чунин матолиб бо аҳдофи муайян ва бахусус бо мақсади барангехатани руҳияи тоҷикбадбинӣ дар Русия роҳандозӣ мешавад. Зеро ҳоло ба ин доираҳо пӯшида нест, ки рӯзгори аксари мардум дар Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои муҳоҷирин, ки дар Русия кор мекунанд, таъмин мешавад.

Хуршеди Атовулло, раиси Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон, мегӯяд, чопи чунин матолиб гурӯҳҳои миллатгаро ва бегонаситези русро алайҳи мардуми ғайрирус бештар таҳрик медиҳад.

Дар ҳамин ҳол Давлат Назриев, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, таъйид кард, ки давлати Тоҷикистон ба чопи чунин матолиб дар нашрияҳои русӣ, ки дар равобити ду кишвар таъсири манфӣ хоҳад гузошт, расман вокуниш нишон хоҳад дод ва аз тариқи вазорати хориҷа ва ё аз тарафи сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар ин замина ёддошти эътирозӣ ё нота дар наздиктарин фурсат таслими мақомоти Русия хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG