Пайвандҳои дастрасӣ

Шаш соли талошҳои номуваффақи Ҳизби ваҳдат


Ҳизби ваҳдати Тоҷикистон аз соли 2002 ба ин сӯ талош дорад дар вазорати адлия сабти ном шавад ва фаъолияти худро дар саҳнаи сиёсат бо роҳи қонунӣ пеш барад.

Талошҳои мукаррари ин ҳизб ҷиҳати сабти ном тайи ин солҳо натиҷае ба бор наовардааст. Мақомот гуфтаанд, дар асноди таъсисии ин ҳизб навоқис ошкор мешавад ва далели радди қайди давлатӣ низ таҳия ва пешниҳоди мадорики нодурусти ин ҳизб гуфта шудааст. Аммо инак хабар мерасад, ки масъулони Ҳизби ваҳдат боз ҳам асноди худро ба вазорати адлия пешниҳод карда, вале ин навбат мутмаинанд, ки камбуд ва норасоиҳо дар мадорикро бартараф кардаанд.

Барои бори ҳафтум аст, ки Ҳизби ваҳдат ҷиҳати дарёфти иҷозаи расмии фаъолият дар саҳнаи сиёсӣ ба вазорати адлия санад пешниҳод мекунад. Бори нахуст масъулони ин созмони сиёсӣ баъди баргузории анҷумани аввали муассисон дар моҳи марти соли 2002 дар шаҳри Душанбе асноди худро ба идораи сабти номи аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои иҷтимоии вазорати адлия пешниҳод карда буданд.

Ин аснод ба далели ошкор шудани навоқис ва норасоиҳо аз сӯи вазорати адлия ба масъулони ҳизби ваҳдат пас гардонида шуд. Масъулони Ҳизби ваҳдат гуфтанд, то баргузории анҷумани дуввуми ин ҳизб дар моҳи майи соли 2006 ва баъди он низ вазорати адлия бо далоили мухталиф аз сабти номи ин ҳизб худдорӣ кард.

Ҳикматулло Сайидов, раиси Ҳизби ваҳдати Тоҷикистон, эътироф кард, ки ошкор гардидани иштибоҳ ва навоқис дар мадорики пешниҳодии ӯ аз сӯи коршиносони вазорати адлия асосан дуруст аст. Аммо иштибоҳоте назири дар ҷойи истиқомат ҳузур надоштани соҳибони имзои ҷонибдорони ӯ ба ҳангоми тафтиши вазорати адлия ба он хотир сурат мегирад, ки ин бархе аз афрод дар ин ҳангом дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба сар мебаранд. Ва ӯ наметавонад садди роҳи бархе аз ҷонибдоронаш, ки барои дарёфти рӯзӣ муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр мекунанд, шавад.

Оқои Сайидов гуфт, итминон дорад, ки дар санадҳои пешниҳодкардаи вай ин навбат хато ва нуқс нахоҳанд ёфт. Ва далели пофишории ӯ ва ҷонибдоронаш барои сабти ном ин будааст, ки мехоҳад бо роҳи қонунӣ вориди арсаи сиёсӣ бишавад ва, ба пиндори оқои Сайидов, ҷомеаи тоҷик барои созмони сиёсие чун ҳизби вай ниёз доштааст.

Дар ҳамин ҳол Давлат Сулаймонов, сардори идораи сабти номи аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои иҷтимоии вазорати адлияи Тоҷикистон, гуфт, дарёфт накардани иҷозаи расмии фаъолият ҳеҷ гуна ангезаи сиёсӣ надорад ва агар асноди ин ҳизб дар чаҳорчӯби қонун пешниҳод шуда бошад ҳатман сабти ном мешавад.

Ҳикматулло Сайидов, раиси Ҳизби ваҳдати Тоҷикистон, гуфт, мавқеъи ҳизби ӯ марказгароист ва дар роҳи мубориза бо фасод, маҳалгароӣ ва таъмини ваҳдати миллӣ бо ҳама неруҳои сиёсӣ ҳамкорӣ хоҳад кард. Ба пиндори оқои Сайидов, дар ҳоли ҳозир талошҳои ҳукумат ҷиҳати коҳиши фасод дар мақомот ва раҳоии ҷумҳурӣ аз вазъи бӯҳронӣ самараи хуб надодааст.

Зимнан Ҳизби тараққиёти Тоҷикистон яке дигар аз аҳзоби ғайрирасмии кишвар аз соли 2003 ба дин сӯ натавонистааст иҷозаи расмии фаъолиятро аз мақомот дарёфт кунад. Аммо мавқеъи ин ҳизб, ки роҳбарии онро Султон Қувватов, раиси пешини Кумитаи андоз, бар ӯҳда дорад, мухолифат бо давлат аст. Феълан Рустам Файзиев, муовини раиси ин ҳизби ғайрирасмии Тараққиёт, бо иттиҳоми таҳқири шахсияти президенти Тоҷикистон дар маҳбас ба сар мебарад.

Дар ҳоли ҳозир дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ амал мекунад, ки аз ин миён Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ бо роҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон аксари курсиҳои порлумонро дар ихтиёр дорад ва ду ҳизби дигар - Комунистӣ ва Наҳзати исломӣ яке се ва дигарӣ ду вакил дар Маҷлиси намояндагон доранд, ки раёсати онҳоро Шодӣ Шабдолов ва Муҳиддин Кабирӣ бар ӯҳда доранд.

XS
SM
MD
LG