Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои нахустин бор як афсари Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар курсии айбдории Додгоҳи олии Тоҷикистон нишастааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон Файзалӣ Аминовро дар сӯистифода аз мақом ва берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ муттаҳам медонад. Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи як мақоми аршади Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия шурӯъ кард.

Файзалӣ Аминови 46-сола, корманди масъули Оҷонси зиддифасод дар умури фаврӣ тибқи банди 316-уми Кодекси ҷиноӣ, яъне сӯистифода аз мақом ё берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ муттаҳам дониста мешавад. Муфаттиши парвандаи мазкур аз Додситонии кулли Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, Файзалӣ Аминов ба ҳайси раҳбари гурӯҳи кории Оҷонси зиддифасод бо ҳадафи таҳқиқи сару садоҳо дар мавриди ришватситонии додрасони додгоҳи Қубодиён ба ин ноҳия ворид шуда ва дар он ҷо ҷиноят содир кардааст.

Ба қавли манбаъ, Файзалӣ Аминов як сокини ноҳияи Қубодиёнро мавриди таъқиб қарор дода ва ӯро бидуни далел дар ришватдиҳӣ ба додраси додгоҳи маҳаллӣ муттаҳам кардааст. Вай афзуд, «бо ҳамин далел 20 декабри соли 2007 Файзалӣ Аминов бо моддаи 216, қисми 3 банди А-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, яъне «баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, бо зӯроварӣ ва ё таҳдиди истифодаи он» парванда ифтитоҳ ёфт ва бо ҳамин ҷурм ба вай айб эълом шудааст…»

Дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ин нахустин парвандаи ҷиноӣ алайҳи як корманди Оҷонси зиддифасод аст, ки ба баррасии додгоҳҳои Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Дар поёни соли гузашта Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон гуфта буд, ки даст доштани чаҳор корманди ин ниҳод дар фасоди молӣ ва суистифода аз мақомро кашф карда ва онҳоро ба муҷозот кашидааст.

Акбар Абдуллоев, намояндаи Оҷонси зиддифасод, гуфт, «нисбат ба яке аз ин чаҳор нафар парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида ва се тани дигар ба ҷазои маъмурӣ кашида шуданд. Онҳоро шӯъбаи амнияти дохилии Оҷонсии мо ошкор кардааст. Ҳоло танҳо ҳаминро метавонам бигӯям, ки ин шӯъба тафтишот мебарад ва вазифааш ҳам ҳамин аст, ки аз мавориди ришватситонӣ ва суистифода аз мақоми кормандони ин ниҳод ҷилавгирӣ кунад».

Ва аммо Файзалӣ Аминов, корманди масъули Оҷонси мазкур, ки дар курсии муттаҳамини Додгоҳи олӣ нишастааст, иттиҳомоти додситонӣ алайҳи худро бепоя мехонад. Вай барои таҳкими ҳимояташ дар додгоҳ ду вакили нави мудофеъ ихтиёр кард ва қозии мурофиа то як ҳафтаи дигар мӯҳлат дод, ки онҳо бо парвандаи нафари таҳти ҳимояташон шинос шаванд.

Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон чизе беш аз як сол аст, ки фаъолият мекунад ва ба манзури ҷилавгирӣ аз ришвату фасод дар ниҳодҳои асосан давлатӣ, таъсис ёфтааст. Мақомоти Оҷонси мазкур таъкид мекунанд, ки кормандони ин ниҳод пас аз таҳқиқу тафтиши ҳолномаю корнома ва собиқаи корию поквиҷдониашон ба кор даъват мешаванд.

Ҳамчунин қабл аз шурӯъи кор ҳар як довталаби кор дар Оҷонси зиддифасод қасами хидматӣ ёд мекардааст. Аммо бо ин вуҷуд созмонҳои нозири шаффофияти кори мақомот таъкид мекунанд, ки фасод ва фасодкорӣ дар куллия идорот ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон густариш ёфта, вале дар ниҳодҳои интизомӣ, ҳифзи ҳуқуқу додгоҳ ва адлия ривоҷи бештар пайдо кардааст.

Созмони «Transparency International» дар гузориши соли 2007 худ шохиси фасодкорӣ дар 163 кишвари ҷаҳонро тартиб ва Тоҷикистонро дар зинаи 150-ум, дар радифи фосидтарин кишварҳои ҷаҳон, қарор дода буд.

XS
SM
MD
LG