Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рафъи буҳрони энержӣ бо кумакҳои башарӣ


Душанбе то ҳануз танҳо 10 соат дар шабонарӯз барқ дорад

Душанбе то ҳануз танҳо 10 соат дар шабонарӯз барқ дорад

Дар ҳоле ки барои рафъи буҳрон ба Тоҷикистон кумакҳои хориҷӣ мерасад, оё худи давлат дар амри коҳиши мушкилоти мардум кадом тадобире мушаххасеро рӯи даст гирифтааст?

Бархе аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дархости давлати Тоҷикистон ҷиҳати кӯмаки оҷили башарӣ ба манзури рафъи авоқиби сармои шадиди имсола ва буҳрони энержӣ пазируфтанд. Вале оё давлат аз маболиғе, ки барои чунин рӯзҳо дар буҷаи худи кишвар пешбинӣ шудааст, истифода кардааст?

Масъулони соҳаҳои мухталифи давлати Тоҷикистон ҳар кадоме мизони хисороти расида аз сармои шадиди бесобиқа ва бӯҳрони энержӣ дар кишварро бо далелу арқоми гуногун эълом мекунанд. Ва давлат низ бо нашри изҳороти расмӣ зарари фалокати башарии кишварро 250 миллион доллар баровард ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархости мадад кард.

Аммо то кунун ҳеҷ рақам ва санаде аз ёрии мустақими худи давлат дар ҷиҳати коҳиши ин зарар ва осон кардани мушкили мардум дар чунин шароити бӯҳронӣ мунташир нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар қонуни буҷаи давлат ҳамасола барои бартараф кардани мушкилоте, назири мушкилоти имсола, ки ҷумҳуриро бо фалокати башарӣ мувоҷеҳ кардааст, маболиғи махсус тахсис дода мешавад.

Ба ақидаи бархе аз соҳибназарон, давлат бо мулоҳизоти сиёсӣ ҳозир нашуд дар кишвар ҳолати изтирорӣ эълон кунад, вале бархе аз созмонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид, вазъи Тоҷикистонро фавқуллъода арзёбӣ карданд. Аммо дар маҳофили сиёсӣ ва доираи коршиносон бар ин нукта, ки даъвию дархости кӯмак барои давлати Тоҷикистон дар ҳолатҳои изтирорӣ дар ин чанд соли ахир ба як одат ва хӯ табдил шудааст, ишора карда мегӯянд, пас зарфиятҳои дохилӣ ва хазинаҳое аз қабили фонди президенти Тоҷикистон чаро дар чунин маворид баҳрабардорӣ намешавад?

Ва чаро ҳеҷ кадоме аз шохаҳои қудрат - на шохаи иҷроия на қонунгузор ва на қазоӣ - ин гуна масъулиятро, ки бояд дар шарҳи вазъи мавҷуд изҳори назар кунанд, бар дӯш намегиранд?

Мирзобек Ҳоҷиев, як тан аз вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, мегӯяд, ҳар иқдоме, ки барои иҷрои онҳо маблағ зарурат дорад, бо иҷоза ва ризоияти ҳукумати иҷроия амалӣ хоҳад шуд ва порлумон ба сари худ ва ё аз пеши худ наметавонад тасмим бигирад. Оқои Ҳоҷиев афзуд, дуруст аст, ки дар буҷа ҳазинаҳои мухталифи давлат барои рафъи авоқиби офоти табиӣ ва ҳолоти изтирорӣ пешбинӣ шудааст ва порлумон дар тасдиқи ин маблағҳо раъй додааст, аммо сарфаи он дар ихтиёри ҳокимияти иҷроия аст.

Ин дар ҳолест, ки Ғафурҷон Расулӣ, сухангӯи вазорати тиҷорат ва рушди иқтисоди Тоҷикистон, мегӯяд, ҳукумат дар доираи имконоти худ талош мекунад барои аз байн бурдан ва ё коҳиш додани шиддати фалокати рухдода амал намояд. Оқои Расулӣ афзуд, барои ҳамоҳангии тақсими ёриҳои башарии хориҷӣ ва кӯмакҳое, ки давлат бо истифода аз имконот дохилӣ ба мардум мерасонад, як комисиюни махсус таъсис дода шудааст. Дар ҳоли ҳозир, афзуд оқои Расулӣ, вазорати молия муваззаф шудааст, ки пардохти маблағи нерӯи барқ дар ду моҳи ахирро барои аҳолии камбизоат бар дӯш бигирад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки интиқоли нерӯи барқ барои аҳолии камбизоат, ки умдатан дар манотиқ ба сар мебаранд, комилан қатъ шуда ва ҳоло маълум ҳам нест, ки вазорати молия чи миқдор маблағро дар ин замина аз ҳисоб соқит мекунад.

Дар ҳамин ҳол як тан аз соҳибкорони тоҷик, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, новобаста аз набуди барқ ва қатъи истеҳсолот ӯ маҷбур аст молиётро пардохт кунад. Вай афзуд, дар ҳоле, ки давлат тавони таъмини корхонаҳо бо барқро надорад, мебоист ҳадди ақал онҳоро аз пардохти молиёт озод мекард.

Ба ақидаи Тоҳири Абдуҷаббор, як иқтисодшиноси саршиноси тоҷик, давлат танҳо дар шароите ҳаққи муроҷиат ва дархости мадад ба ҷомеаи ҷаҳониро пайдо хоҳад кард, ки аз имконот ва зарфиятҳои дохилӣ истифода карда бошад ва дақиқан бидонад, ки истифодаи захоири дохилӣ низ барои рафъи фалокати пешомада нокофист. Аммо дар ҳоле, ки давлат масъулияти худ дар баробари мардум ва корхонаҷотро ба таври шоиста ба анҷом намерасонад, бояд онҳоро аз пардохтҳои молиётӣ озод кунад.

Зимнан як комисиюни вижаи зиддибӯҳронӣ дар Тоҷикистон бо роҳбарии Ғулом Бобозода, вазири тиҷорат ва рушди иқтисоди кишвар, ташкил карда шудааст ва ба таъйиди сухангӯи ин вазорат дар ҷаласаи навбатии ҳукумат қарор аст фаъолияти он арзёбӣ ва ҳаҷми кӯмаки ворида аз хориҷ ва ёриҳои худи давлат ба мардуми кишвар эълон шавад.

Аммо ҳамоно дар аксари нишаст ва сӯҳбатҳои сарироҳӣ ишораҳо бар он мешавад, ки масъулони давлат, агар ки дар осонсозии мушкили пешомада дасти кӯтаҳ доштаанд, ҳадди ақал метавонистанд бо арзи пузиш ба мардум муроҷиат кунанд.

XS
SM
MD
LG