Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон дар камбуди об дар киштзорҳои ҷануби Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистонро масъул хондаанд.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар ин бора Узбакистон ва Қирғизистон ба тавофуқ нарасидаанд ва намегузоранд, ки оби рудхонаи Сирдарё ба ҷануби Қазоқистон ҷорӣ шавад.

Масъалаи баҳрабардорӣ аз захоири оби Осиёи Миёна аз даврони фурӯпошии Шӯравӣ то ба ин сӯ боқӣ мондааст ва ин масъла ба тавсеъаи равобит миёни ин кишварҳо халал ворид мекунад. Тайи чанд сол аст, ки ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна наметавонанд дар мавриди баҳрабардории аз захираҳои об дар минтақа ба тавофуқ бирасанд. Пас суоле матраҳ аст, ки чӣ мушкил ва ё омиле боиси адами тавофуқ миёни ин кишварҳо шудааст?

Ба эътиқоди Ашурбой Имомов, устоди донишкадаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Қазоқистону Узбакистон намехоҳанд, ки тавофуқномаи нав дар бораи баҳрабардорӣ аз захираҳои оби минтақа тасвиб шавад ва онҳо талош мекунанд то аз ҳамаи усул ва шеваи аз замони Шӯравӣ боқимонда кор бигиранд. Усули Шӯравӣ ин буд, ки ҳар кишваре, ки бештар замини корам дошт, ҳамон қадар миқдори обро метавонист масраф кунад. Вале мебоист дар ивази оби масрафкардааш ба кишварҳои болооб мошинолот ва маводи сухт бидиҳад. Ба эътиқоди оқои Имомов, «вале пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ин навъи додуситад аз байн рафт ва Қазоқистону Узбакистон талош доранд обро ройгон истифода баранд».

Қосим Бекмуҳаммад, коршиноси минтақа, далели аслии адами тавофуқ миёни кишварҳои минтақаро дар мавзеъгирии Узбакистон дар ин масъала медонад, ки намехоҳад тавофуқи чаҳорҷониба ҳосил шавад.

Досим Сатпаев, коршиноси Қазоқистон, низ ба ҳамин назар аст. Ба этиқоди вай, Қазоқистону Қирғизистон метавонанд ба тавофуқ расанд, зеро Қирғизистон алоқаманд нест, ки равобиташ бо Қазоқистон бар сари захираҳои об коҳиш ёбад. Ба ин далел, ки қарор аст Қазоқистон неруи барқи изофии Қирғизистонро бар ивази оби аз ин ҷумҳурӣ ҷорӣ шуда ба киштзорҳои ҷануби ин кишварро бихарад.

Вале ба эътиқоди Қосим Бекмуҳаммад, коршиноси минтақа, мавқеъи Узбакистон дар ин масъала бо Тоҷикистон чунин нест. Ва Узбакистон барои баҳрабардорӣ аз захираҳои оби Тоҷикистон аз шеваҳои сиёсӣ, ба хусус фишори иқтисодӣ, кор мегирад. Оқои Бегмуҳаммад дар ин бора гуфт, «Узбакистон бо тавони лоббиҳои узбактаборони худ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ва фуруши захоири гази худ ба ин ду ҷумҳурӣ дар мавзеъи худ пофишорӣ мекунад. Ва ба тавофуқи чаҳорҷониба дар мавриди баҳрабардории одилона аз захираҳои оби минтақа халал ворид мекунад».

Қосим Бекмуҳаммад омили дигари адами тавофуқи кишварҳои Осиёи Миёна дар баҳрабардорӣ аз захираҳои обро ба Русия рабт медиҳад. Вай меафзояд, «Русия бо наздикшавӣ бо Узбакистон барои манофеъи худ аз захираҳои энержии Тоҷикистон аз мавзеъи Узбакистон пуштибонӣ мекунад».

Ҷон Слай, масъули барномаи рушди СММ дар Братислава, ки ахиран барои ширкат дар як конфронси байнулмилалӣ вориди Тоҷикистон шуда буд, мутмаъин аст, ки омили хориҷӣ дар масъалаи захоири оби Тоҷикистон муҳим нест. Вай дар ин бора гуфт, «мавзеъи Узбакистон ва Турманистон барои Тоҷикистон дар ҳалли мушкили баҳрабардории захираи об аҳамияте надорад, дар сурате, ки худи Тоҷикистон бихоҳад ин мушкилро ҳал кунад».

Ба этиқоди Юрий Биялӣ, коршиноси Русия, дар дохили Тоҷикистон низ гурӯҳҳои наздик ба мақомот вуҷуд дорад, ки ба ҳалли ин масъала алоқаманд нестанд. Ба ин далел, ки ин гурӯҳҳо аз қочоқи об дар фасли тобистон фоида ба даст меоранд. Ва ба ин далел мақомоти Тоҷикистон дар ин замина мавқеъи қавӣ надоранд, ки, ба гуфтаи Юрий Биялӣ, авоқиби он нигаронкунанда аст.

XS
SM
MD
LG