Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масоъили оби ошомиданӣ дар ҷаҳон


Деҳаи Хоҷағор, Толиқони Афғонистон
Деҳаи Хоҷағор, Толиқони Афғонистон

Созмони «Трансперенсӣ Интернешенл» дар гузориши ахири худ навиштааст, ки бӯҳрони камбуди об ба зиндагии миллиардҳо нафар одам дар саросари сайёра таҳдид мекунад.

Чунин аст муҳтавои гузориши «Трансперенсӣ Интернешенл», ки соли ҷорӣ ба масъалаи об ихтисос дошт.
Бо назардошти чунин омил, омадааст дар гузориши «Трансперенсӣ Интернешенл», фасод дар бахши об метавонад пайомадҳои фоҷиъабор дошта дошта бошад ва ҷараёни тахриби муҳити зистро суръат бахшад.
Дар гузориши соли ҷорӣ ҳамчунин омадааст, ки об сарчашмаест ивазнашаванда барои зиндагӣ, ва он барои саломатии инсон, амнияти ғизоӣ, энержӣ ва сохтори эколожӣ ё мавҷудоти сайёра бештар аз ҳар чизи дигар зарур аст.
Оби поки ошомиданӣ аслан ройгон нест...
Гузориши мазкур дар навъи худ нахустин гузориши сартосарист ва мавҷудияти фасод дар бахши истифодаи обро матраҳ мекунад. Тағйири иқлим ва камбуди об дар баъзе аз нуқоти сайёра боъис шудааст, ки дар баъзе мавридҳо барои таъмини об ё дарёфти он даст ба фасоду ришва бизананд. Чунин ҳолат ба таври равшан нишон медиҳад, ки ҷомиъаи ҷаҳонӣ бояд ин мушкилро бишносад ва қабул кунад, зеро ҳоло дар ҷаҳон 1,2 миллиард одам замонате барои дастрасӣ ба об надоранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки , ба таъйиди ин гузориш, 2,6 миллиард нафари дигар аз дастрасӣ ба оби ошомиданӣ маҳруманд.
То соли 2025 шумораи онҳое, ки дар кишварҳои камоб зиндагӣ хоҳанд кард, ба 3 миллиард нафар мерасад, омадааст дар гузориши «Трансперенсӣ Интернешенл» ва афзуда мешавад, ки 80 дарсади душвориҳои беҳдоштӣ ё бемориҳо дар кишварҳои рушдёбанда ба оби ошомидании солим иртибот дорад.
Дар Африқо, зикр мешавад дар гузориш, занону духтарон зери офтоби тафсон даҳҳо километр роҳро дар биёбонҳои сӯхта тай мекунанд, то барои хонаводаҳои худ об пайдо кунанд.
...вале дар баъзе кишварҳо бо он ҳатто постерҳоро мешӯянд (Тбилисӣ, кӯчаи Ҷ. Буш)
Дар кишварҳои Осиёи марказӣ низ масъалаи таъмини об беш аз пеш ба мушкили минтақавӣ табдил меёбад, ки баъди фурӯпошии Шӯравии собиқ ин масъала танзим намешавад. Зарурати обёрии зироъат дар кишварҳои поёноб ва эҳдоси нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар кишварҳои болооб гоҳе ин кишварҳоро ба муъомилаву музокира макашад. Брус Паннир, таҳлилгари умури Осиёи марказии радиои «Озодӣ» мегӯяд, масъалаи об дар ин минтақа аз душвориҳои зиёд бархӯрдор аст: "Албатта, масъалаи об дар Осиёи марказӣ хеле печида аст. Ин масъала мисли масъалаи нафт ё барқ нест. Об ба ҳар фард зарур аст. Ин мисли ҳавост. Об ва ҳаво омилҳои дараҷаи аввали зиндагӣ дониста мешавад. Ба ин сабаб замина барои фасод дар ин бахш бештар аст. Ононе, ки об надоранд, бояд коре кунанд. Мавҷудияти фасод дар бахши об дар Осиёи марказӣ метавонад хеле зуд мушкилиҳо эҷод кунад".
Ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои ахир дар матбуъот хабарҳое дар бораи ҳамоишҳои вижаи намояндагони кишварҳои Осиёи марказӣ роҷеъ ба масъалаи об ба чашм мехӯрад. Ҳамоиши июнии Бишкек намунаи равшани он аст, ки намояндагони ин кишварҳо натавонистанд роҷеъ ба истифодаи захоири оби минтақа ва таъмини энержӣ ба тавофуқ бирасанд.
XS
SM
MD
LG