Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумакҳои нахустини хайриявӣ ба Суғд


Ба гуфтаи мақомоти вилояти Суғд, нахустин кумакхои тиббиву ғизоӣ ва маводи сухту барқофарҳо аз созмонҳои хайриявии байнулмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ ба минтақаи шимолии Тоҷикистон супурда шуд.

Шоира Бузурукова, ичрокунандаи муовини сардори идораи тандурустии Суғд, гуфт, ба нуҳ шаҳру навоҳии Суғд аз ҷониби Бунёди кудаки СММ - Юнисеф 20 навъ таҷҳизот ва асбоби тиббии кумаки аввалия ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дорувори ниёзи аввал тақдим шуд. Вай дар миёни таҷҳизоти тақдими ба хусус асбоби эҳё ва инкубаторҳо барои кудак ва генераторҳои ҳаворасон ба беморро ба бемористонҳои Суғд басо зарурӣ хонд.

Табибони Суғд мегуянд, ки теъдоде аз бемористон ва таваллудхонаҳои Суғд дар деҳот аз ду моҳ пеш ба ин су комилан аз барқ маҳрум мондаанд. Бисёре аз ин беморхонаву зоишгоҳҳо генератор ва маводи сухт ҳам надоранд. Дар марказҳои навоҳии Суғд ва ҳатто дар маркази вилоят қатъи интиқоли барқ ба бемористонҳо ба як амри табии мубаддал шудааст. Сардухтури таваллудхонаи марказии ноҳияи Айнӣ расман аз марги як тифли навзод дар зери асбоби нафаси сунъӣ ба иллати қатъи барқ эълон дошт.

Кишвари Олмон ахиран ба 300 нафар сокини олмонитабори Суғд маводи ғизоии барои кофӣ барои як моҳ тақдим кард. Инчунин Райнер Мюллер, сафири Олмон дар Тоҷикистон, зимни додани ин кумакҳо дар Хуҷанд гуфт, кишвараш дар рӯзҳои наздик ба мактабу бемористонҳои Точикистон, аз ҷумла вилояти Суғд, кумакҳои билоивази маводи сухт ва генераторҳои барқзо хоҳад расонид. Вай афзуд, барои ин кумакҳо Олмон 500 ҳазор евро ҷудо кардааст. Ва мо умеди онро дорем, ки дар рӯзҳои наздик боз ба 31 миллион евро ба Точикистон кумаки моли ҷудо хоҳад шуд.

Сафири Олмон дар Тоҷикистон гуфт, кумакхои кишвараш ба Тоҷикистон умдатан аз ҷониби созмони Агроаксияи Олмон ироа хоҳад шуд. Мақомоти ҳукумати Суғд аз кишвари Олмон хостааст дар таъмин бо тухмиҳои зироатӣ низ ёрӣ расонад. Мақомот гуфтааст, ба таъсири сармои шадиди имсола захираи баъзе навъҳои тухмиҳои сабзавот ва кишти тирамоҳиву гармхонаҳо нобуд шудааст.

XS
SM
MD
LG