Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ аз ноҳияҳои Хатлон сар шуд


Саидумрон Абдураҳмонзода моҳи январи соли гузашта раиси ноҳияи Қубодиён таъин шуда буд
Саидумрон Абдураҳмонзода моҳи январи соли гузашта раиси ноҳияи Қубодиён таъин шуда буд

Дар пайи як тағйироти кадрӣ раисони чор ноҳияи вилояти Хатлон иваз шуданд. Дафтари матбуоти президент гуфт, ин тағйирот рӯзи 9 декабр сурат гирифт. Бар асоси фармони нави президент, Саидмурод Абдураҳмонзода аз мақоми вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён озод ва ба ҷойи ӯ Зафар Файзуллозода таъин шудааст. Абдураҳмонзода бо фармони дигари президент муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист шуд. Ӯ моҳи январи соли гузашта ба мақоми раиси ноҳияи Қубодиён расида буд.

Қарахон Чиллазода аз мақоми раиси шаҳри Сарбанд барканор ва Санавбар Самизода ба ҷойи ӯ таъин гардидааст. Самизода то ин дам ба ҳайси раиси идораи кор бо занону оилаи Хатлон фаъолият дошт. Бар асоси ин тағйирот, Раъно Раҳимзода аз мақоми раиси ноҳияи Фархор барканор ва сабабаш “ба кори дигар гузаштан” гуфта шудааст. Ҳоло Сулаймон Вализода раиси нави ноҳияи Фархор шуд.

Мирзохон Гулмаҳмадзода аз раисии ноҳияи Темурмалик озод ва ба ҷойи вай Эмомиддин Аслзода омадааст. Бо фармони дигари президент Эркинхон Раҳматуллозода, сафири Тоҷикистон дар Белгия, ҳамзамон намояндаи расмӣ дар шоҳигарии Нидерландия таъин шудааст.

Дар остонаи ҳар соли нави милодӣ раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба тағйироти кадрӣ дар шаҳру навоҳӣ ва ниҳодҳои давлатӣ даст мезанад. Вале мухолифон мегӯянд, ин тағйироти кадрӣ набуда, бештар ҷойивазкунии мансбадорон аст, ки аз як мақом барканор ва дар ниҳоди дигар соҳиби курсӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG