Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози ҷашнвораи футбол дар Тошканд


Рӯзи 25-уми март дар шаҳри Тошканд маросими ифтитоҳи фестивал ё ҷашнвораи футболи AFC - Конфедеросиюни футболи Осиё байни дастаҳои наврасони то 14-сола баргузор шуд.

Дар ин мусобиқоти анъанавӣ дастаҳои мунтахаби наврасони чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ - Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ширкат меварзанд. Дар нахустин даври мусобиқот Узбакистон бо Туркманистон ва Тоҷикистон бо Қирғизистон бозӣ мекунанд.

Ҷашнвораи футболи AFC то 30-вуми март идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG