Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Рустамро кӣ хоҳад рабуд?


Дастаи "Регар" ТадАЗ яке аз муддаъиёни аслии Ҷоми Рустам Долтабоев аст
Дастаи "Регар" ТадАЗ яке аз муддаъиёни аслии Ҷоми Рустам Долтабоев аст

Дастаҳои футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ба бозии ниҳоии Ҷоми Рустам Долтабоев роҳ ёфтанд.

"Регар» ТадАЗ дар бозии ниманиҳоӣ бар дастаи «Динамо»-и Душанбе дар замони изофӣ бо натиҷаи 2:1 пирӯз гардид. Воқиъан, дар ин бозӣ дар ҳайати «Регар» ТадАЗ бозигари нав Жаилтон Оливейра, аз Бразилия, ҳамлагари 24-сола, ҳунарнамоӣ кард. Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии «Регар» ТадАЗ ба радиои Озодӣ гуфт, Оливейра, ки дар дастаҳои «Итуиутаба» ва «Брантино»-и гурӯҳи поини чемпионати Бразил бозӣ мекард, тибқи қарордод муддати як сол шарафи дастаи қаҳрамони футболи Тоҷикистонро ҳимоя хоҳад намуд.

Оқои Ҳабибуллоев афзуд, ба ғайр аз Оливейра, феълан дар ҳайати «Регар» ТадАЗ боз ду легионери дигар бозӣ мекунанд. Ҳамлагар Чарлз Накути, аз кишвари Ганаи Африқо, соли дуввум аст, ки шарафи ин дастаро ҳифз менамояд. Дарвозабон Фарҳод Юлдошев имсол аз дастаи «Металлург»-и Бекободи Узбакистон ба тими «Регар» ТадАЗ даъват шудааст.

Дар бозии дигари ниманиҳоии Ҷоми Рустам Долтабоев «Вахш»-и Қӯрғонтеппа низ бо натиҷаи 2:1 дастаи «Румӣ»-и ноҳияи Румиро мағлуб кард.

Бад-ин тартиб барандаи Ҷоми Рустам Долтабоев дар бозии ниҳоӣ байни дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Вахш» муайян хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG