Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси хадамоти гумрукии Тоҷикистон Г. Зарифов эълом намудаааст, воридоти ғалла нисбат ба соли гузашта 26 000 тонна кам шудааст.

Ба иттилоъи хадамоти гумрукии Тоҷикистон, ҳаҷми молҳои воридотӣ аз молҳои содиротӣ дар се моҳи соли ҷорӣ 356 ҳазор доллар бештар будааст. Ва шаҳодати он аст, ки қимати колоҳо, бахусус маводи ғизоӣ, дар бозорҳои дохилӣ ба қимати коло дар кишварҳои хориҷӣ бастагӣ дорад.

Оқои Зарифов гуфт, давлат тасмим дорад имсол 200 ҳазор тонна ғалла барои захираи давлатӣ ворид кунад. Вай афзуд, ғалла ва орди воридотии ниёзи мардум дар як сол 700 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Гурез Зарифов дар ин нишасти матбуотӣ дар посух ба ин суол, ки бо дарназардошти буҳрони ғизо ва ба мушкил рӯ ба рӯ шудани фаъолияти тоҷирон дар воридсозии орду ғалла ва дигар анвоъи ғизоӣ ба тоҷирон имтиёзе дода шудаас, ё не, гуфт, дар садад аст, мо молиёти афзуда бар қиматро аз 20 дарсад ба 10 дарсад барои тоҷироне, ки гандуму орд ворид мекунанд, коҳиш бидиҳем. Гузашта аз ин 200 ҳазор тонна ғаллае, ки барои захираи давлатӣ ворид мешавад, аз ин навъ молиёт озод аст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия ва Қазоқистон гуфтаанд, ки содироти орду ғалла ба кишварҳои хориҷиро коҳиш хоҳанд дод. Ва Қазоқистон гуфтааст, ки содироти ғалла ба хориҷ, ба хусус ба Тоҷикистонро то моҳи сентябр қатъ хоҳад кард.

Гурез Зарифов, раиси хадамоти гумрукии Тоҷикистон, ба ин суоли хабарнигорон, ки дар ин сруат Тоҷикистон аз кадом кишвар ғалла ва орд ворид хоҳад кард, гуфт, мо тасмим дорем, орд ва ғалларо аз Ҷин ва Австралия тавассути Покистон ворид кунем. Намояндагони давлат дар ҳоли ҳозир дар пайи ин кор ҳастанд.

Гурез Зарифов дар ин нишасти матбуотӣ гуфт, Русия, Қазоқистон, Эрон, Туркия, Афғонистон ва Озарбойҷонро шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон хонд.

Раиси хадамоти гумрукии Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, воридоти мошин ё худравҳои ростчанбар ба Тоҷикистон манъ нашудааст. Балки истифода аз ин мошинҳо манъ карда шудааст. Вай гуфт, ки пас аз тағйирот дар қонун ва манъи истифода аз мошинҳои ростчанбар наздик ба ҳазор дона аз ин мошинҳо ба Тоҷикистон ворид карда шудааст. Ва шумори ин гуна мошинҳо дар Тоҷикистон акнун ҳудуан ба 6 ҳазор дона мерасад.

XS
SM
MD
LG