Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Қазоқистон чун қабл ғалла мегирад


Қазоқистон то ба 1-уми сентябри соли равон, яъне то вакти ҷамъоварии ҳосили нав, содироти ғалларо ба хориҷ манъ кард.

Вале ин тадбир ба орд дахл надорад ва содироти он чун қабл идома мекунад.Тибки иттилоъи дафтари матбуоти нахуствазири кишвар, тадбири манъкунии содироти ғалла ҷиҳати таъмини амнияти ғизоии кишвар ва ҳифзи бозори дохилӣ гирифта шудааст, зеро дар бозори ҷаҳонӣ нархи ғалла, аз ҷумла гандум, дар ҳоли болоравист ва ҳам дар инҷо суръати содироти ғалла алъон ба дараҷаи баландтарин расида.
Ин кишвар ба хориҷ моҳе аз 1,1 то 1,4 миллион тонна гандум содир мекунад. Алъон миқдори гандуми содиршуда ба 8 миллион тонна расида. Ин дар ҳолест, ки, тибқи нақша, Қазоқистон имсол ҳамагӣ бояд тақрибан 9 миллион тонна гандум содир мекард.
Дафтари матбуоти нахуствазир хабар медиҳад, ки то 10-уми апрел дар кишвар беш аз 8 миллион тонна гандум боқӣ мондааст, ки аз он 4,7 миллион тоннааш гандуми иртизоқист. Чун алъон суръати содироти гандум болост ва аз ин хотир чунин миқдор гандум имкон дорад дар як моҳ аз кишвар берун шавад ва анборҳои ғаллаи кишвар холӣ монанд.
Коршиносон бар инанд, ки чунин амали ҳукумати кишвар чандон дуруст нест ва он ба талаботи бозори озод мутобиқат намекунад. Аз ин амал тоҷирону тавлидкунандагони ғалла ва онҳое, ки ғалла дар инҳисори онҳост, зарар мебинанд. Зеро давлат ба ин васила ба муносиботи бозорӣ дахолат мекунад ва тавлидкунандаи гандум, ки қаблан ҳаққи фурӯш ба шахси дилхоҳ ва хориҷаро дошт, акнун маҳсулоташро танҳо ба бозори дохилӣ мебарорад.
Вале оё дар ин маврид он кишварҳое , ки бо Қазоқистон то ин вақт дар бораи содироти гандум қарордод доштанд, аз ин кишвар тибқи ин қарордод гандум харидорӣ карда метавонанд? Аъзамшо Шарифов, мушовири аршади Сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон, дар сӯҳбат бо родиои Озодӣ дар ин бора чунин гуфт: «Бо қабул шудани ин қарори ҳукумати Қазоқистон чанд рӯз қабл ҳайъати ҳукуматии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини аввали сарвазири ҷумҳурии Тоҷикистон М. Алимардонов ба ҷумҳурии Қазоқистон омада, дар бораи минбаъд ба Тоҷикистон содир кардани теъдоди муайяни маҳсулоти ғаллаӣ бо ҳукумати ин кишвар музокира намуд. Зимни ин мулоқотҳо мувофиқа ҳосил шуд, ки ҳамаи он қарордодҳое, ки пештар дар байни ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон ба имзо расида буданд, иҷро хоҳанд шуд. Ва акнун метавон гуфт, ҷои ташвиш барои Тоҷикистон дар мавриди ин қарори қабулкардаи ҳукумати Қазоқистон нест».
Ин нуктаро иқтисодшиноси қазоқистонӣ Андрей Хан низ таъйид намуд ва гуфт, ҳар кишваре, ки қаблан бо Қазоқистон дар мавриди хариди ғалла қарордод дошта бошад, ғаллаашро бидуни мамониат хоҳад гирифт. Вале, ба гуфтаи оқои Хан, гандуми Қазоқистон ба ҷуз байни кишварҳо ҳамчунин аз ҷониби бозаргонҳо, яъне бо роҳи инфиродӣ низ харидорӣ мешавад ва чунин бозаргонҳо акнун наметавонанд ба дигар кишварҳо, аз ҷумла, ба Тоҷикистон, ғалла ворид созанд. Ба гуфтаи ин иқтисодшинос, омили мазкур ва умуман эълони манъи содироти гандум ҳам ба бозори ҷаҳонӣ ва ҳам ба кимати гандуму орд дар кишварҳои минтақа таъсири манфӣ мерасонад.
Иктисодшиноси дигари қазоқ Қанот Берентаев бошад, ҳатто хатари ба бӯҳрони ғизоӣ гирифтор шудани кишварҳое чун Қирғизистону Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад, зеро, ба назари ӯ, ин кишварҳо гандумро асосан аз Қазоқистон харидорӣ мекунанд ва миқдори ҳангуфти ин маводди асосии ғизоӣ ба ҷуз давлат аз ҷониби бозаргонҳо низ ба таври инфиродӣ харидорӣ мешавад.
Тибки иттилоъи расмӣ, соли гузашта Тоҷикистон аз Қазоқистон, ки беш аз 20 миллион тонна ғалла тавлид карда буд, 216 000 тонна гандум харидорӣ кардааст. Вале, ба итилоъи ғайрирасмӣ, ин рақамро бо назардошти воридоти гандум тавассути бозаргону ширкатҳои хусусӣ ним миллион тонна ва ҳатто бештар аз он дониста мешавад.
Тибқи иттилоъи Маркази иттилоъотиву таҳлилии Русия «Совэкон», Тоҷикистон дар ҷаҳон ба қатори 5 кишвари асосии воридкунандаи ғалла шомил гардидааст ва ин кишвар орду ғалларо асосан аз Қазоқистон харидорӣ менамояд.
XS
SM
MD
LG