Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ : беш аз 550 000 сокини Тоҷикистон осебпазир аст


Бонки Ҷаҳонӣ аз ҷомиъаи байнулмилалӣ даъват намуд, ки талошҳояшро барои муқобила бо гуруснагиву норасоии ғизо ҳамоҳанг кунад.

Ин ниҳод бар ин аст, ки бо сабаби болоравии шадиди қимати ғизо ва захоири энержӣ дар ҷаҳон, иқдомоти сареъро рӯи даст бояд гирифт.
Президенти Бонки Ҷаҳонӣ зимни суханронии ахираш дар Вашингтон аз болоравии баякбори қимати маводди ғизоӣ изҳори ташвиш кард ва гуфт, ки фурсати он расидааст, ки барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна буҳрони эҳтимолӣ иқдоми ҳамоҳангшуда ба роҳ монда шавад: "Ба сиёсати ғизо бояд дар сатҳи баландтарини сиёсӣ таваҷҷуҳ шавад, чунки ҳеҷ як кишвар ва ё гурӯҳе наметавонад ба ин чолишҳои баҳампечида расидагӣ кунад. Мо бояд билофосила ироъаи кумакҳоро ба ниёзмандатарин бахшҳо шурӯъ кунем.
Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ таъкид мекунад, ки барои расидагӣ ба ниёзмандиҳои изтирорӣ, захираҳои ғизои иловагӣ ба маблағи ҳадди аққал 500 миллион доллари дигар зарур аст. ИМА, Иттиҳодияи Аврупо, Жопун ва дигар кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд бояд иқдом кунанд, то ин тафовут бартараф шавад, вагарна мардуми зиёд азият мебинанд аз гуруснагӣ ҷон хоҳанд дод".
Р. Зеллик ба роҳандозии барномаи наве бо исми "Созиши нав" даъват кард, ки он ишораест ба ташаббуси 70 соли пеши раисҷумҳурии вақти Амрико Франклин Рузвелт. Миёнаҳои солҳои 30-вуми қарни гузашта, дар аҳди Таназзули бузурги Амрико, Рузвелт як силсила барномаҳоеро барои тақвияти ҷомиъа , пешбурди фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва ислоҳи низоми имдодрасонии давлатӣ дар саросари ИМА роҳандозӣ кард. Ин барномаҳои ҳамоҳангшуда барои муқобила бо буҳронҳои иқтисодӣ ва эҳёи дубораи кишвар нигаронида шуда буд.
"Созиши нав"-и президенти Бонки Ҷаҳонӣ ба ҳам овардани кумакҳои ғизоӣ ва қарордодҳои тиҷоратии ҷаҳониро ба хотири поин бурдани сатҳи молиёт ва мусоъидат ба кишоварзонро дар давлатҳои дар ҳоли рушд дар назар хоҳад гирифт. Зеллик гуфт, ҳоло фурсати раҳошавӣ аз бунбасти дар музокироти тиҷорати ҷаҳонӣ ба миёномада расидааст, ва дар ин масъала набояд таъхир кард. Вай таъкид кард, ки фаъолияти низоми боз ва одилонаи тиҷоратӣ ба истеҳсоли бештари маводди ғизоӣ мусоъидат карда, вазъи бозорҳоро ба эътидол хоҳад овард. Ӯ гуфт: "Чархиши бозорҳои молӣ ба болоравии нархи анвоъи ғизо сабаб шудааст. Шурӯъ аз соли 2005, қимати маводди асосии ғизо 80 дарсад афзоиш ёфт. Аз ҷумла, моҳи гузашта қимати аслии биринҷ аз нишондодҳои 19 соли пеш болотар рафт. Нархи гандум ҳам афзоиш ёфта, болотар аз қиматҳои 28 соли пеш гузашт ва ба ҳисоби миёна, дар 25 соли охир ду баробар гаронтар шуд".
Раиси Бонки ҷаҳонӣ афзуд, ки чунин вазъият дастикам 33 кишварро дар баробари буҳронҳои сиёсӣ ва эҳтимолӣ сар задани ошӯбҳо қарор медиҳад. Ба навиштаи нашрияи "Вашингтон пост", ҳамакнун чунин нооромиҳо дар Мексика, Марокаш, Узбакистон, Яман, Сенегал ва дигар кишварҳо ба мушоҳида расидааст. Нашрия меафзояд, ки дар Индунезӣ ахиран мардум аз болоравии қимати лӯбиё эътироз карда, дар Чин мақомот барои танзими нархи равғани рустанӣ, гӯшт, шир, тухм ва гандум иқдом кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ таъкид мекунад, ки беш аз 550 000 сокини Тоҷикистон низ осебпазир буда, нисфи онҳо бояд дар моҳҳои наздик ба таври изтирорӣ бо ғизову пули нақд таъмин шаванд.
XS
SM
MD
LG