Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болоравии бесобиқаи нархи орд дар Тоҷикистон


Рӯзи душанбеи 10-уми сентябр дари аксари дуконҳои ордфурӯшии бозорҳои пойтахти кишвар баста буд ва тоҷирони он, ки захираи аз пеш боқимондаи худро ба тиҷорат гузошта буданд, як халтаи 50-килоии орди навъи якум ва олиро аз 100 то 110 сомонӣ, муодили тақрибан 30 доллари амрикоӣ, савдо мекарданд.

Исмоил Меҳдиев, дукондори яке аз дуконҳои ордфурӯшии бозори «Сафариён»-и Душанбе, дар суҳбат ба радиои «Озодӣ» мушкили афзоиши бесобиқа ва камчинии орд дар кишварро адами воридоти орду гандум аз хориҷ, ба вижа Қазоқистон, унвон кард.

Дар ҳамин ҳол ҳамчунин дукондори дигари бозорри «Сафариён» Муҳаммадалӣ Шарифов, ки нархи як халта орди 50-килоиро аз 100 то 110 сомонӣ мефурӯхт, гуфт, афзоиши бесобиқаи нархи орд ва камчинии он бо айби тоҷирони кишвар сурат нагирифтааст.

Ба гуфтаи Муҳаммадалӣ Шарифов, ширкати «Сахӣ», бузургтарини ширкати воридкунандаи орду гандум ба Тоҷикистон, бо иллати гаронии нарх чанд рӯз қабл аз харидории орду гандуми Қазоқистон худдорӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки дар дуконҳои бозори «Сафариён» ҳамзамон бо орди дар хориҷ тавлидшаванда орди истеҳсоли корхонаҳои Тоҷикистон низ тиҷорат мешуд. Вале нархи ин қабил орд низ ҳудудан ба арзиши орди аз хориҷи кишвар воридшавада баробар буд. Ва теъдоди ками харидорон, ки паси дуконҳои баста ва рӯ ба рӯи нархҳои гарони дуконҳои бози ордфурӯшӣ мутаҳаййир меистоданд, дар афзоиши бесобиқаи нархи орд мақомотро муттаҳам медонистанд.

Аммо мақомот ва ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти ғаллаӣ, бино бар рӯзи истироҳат будан, ҳозир набуданд, ки дар ин робита тавзеҳоти бештар диҳанд ва ё тасмими мақомоти давлат дар робита ба ин мушкилро баён кунанд.
XS
SM
MD
LG