Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Э.Раҳмон аз буҳрони озуқа


Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни як муроҷиат аз мардум даъват кардааст, ки барои таъмини амнияти озуқа дар кишвар парвариши ғалларо афзоиш диҳанд.

Президент Раҳмон ҳушдор додааст, ки раванди болоравии баҳои орду ғалла дар бозори ҷаҳонӣ идома дорад ва дар ҳоле, ки бахши аъзами маҳсулоти мавриди ниёзи аҳолӣ аз хориҷ таъмин ва имконоти дохилӣ дар ин замина маҳдуд аст, масъалаи таъминоти мардум бо маводи аввалияи ғизоӣ дар тобистони соли ҷорӣ дучори мушкил хоҳад шуд.

Дар тобистон ва тирамоҳи соли гузашта баҳои маҳсулоти ордӣ ва нафт дар бозорҳои Тоҷикистон аз як то якуним баробар афзоиш пайдо кард, ки ин амр кишвареро, ки беш аз 60 дарсади аҳолии он зери хатти фақр ба сар мебарад, дар баробари бартараф кардани мушкилот нотавон сохтааст.

Муроҷиат ва ҳушдори раисҷумҳури Тоҷикистон барои истеҳсол ва парвариши ҳарчи бештари ғалла ва таъминоти аҳолӣ бо маводи аввалияи мавриди ниёз дар ҳоле тавассути телевизиони сартосарӣ ба такрор нашр мешавад, ки бар асоси гузоришоти ниҳодҳои масъули давлат, аз нисф бештари кишти баҳорӣ ба иллати сармои шадиди зимистони имсола талаф ёфтааст.

Афзун бар ин Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиати худ бар ин нукта ишора кард, ки кишварҳои тавлидкунандаи ғалла барои содироти он бархе аз мавонеъ ва маҷдудиятҳо аз ҷумла боҷи изофии гумрукӣ ҷорӣ кардаанд, ки дар ниҳояти амр барои кишварҳои воридкунанда душвориҳои зиёдеро ба бор меоварад. Аз ин рӯ, таъкид мекунад оқои Раҳмон, истифодаи муассир аз заминҳои кишт ва бахусус ба даст овардани ду ҳосил шиддати гаронии нарх дар бозорҳоро коҳиш хоҳад дод.

Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди бархе аз коршиносон, муроҷиати раисҷумҳур дар сурате иҷро хоҳад шуд, ки давлат дар ислоҳоти арсаи кишоварзӣ аз иқдомоти зарурӣ кор бигирад. Давлати Усмон, иқтисодшиноси тоҷик, бар ин назар аст, ки даъвати мазкур дар шароити имрӯза амалан иҷро нахоҳад шуд.

Ба эътиқоди Тоҳири Абдуҷабор, устоди донишгоҳи байнулмилалии шаҳри Душанбе, чунин муроҷиат аз сӯи роҳбари давлат як ҳарфи хушк аст. Зеро бо даъват ва ё ҳушдор наметавон соҳаи кишоварзӣ ва ба вижа таъмини амнияти озуқа дар кишварро дуруст кард. Оқои Абдуҷаббор бо ишора ба як чунин ҳушдори раисҷумҳур дар тирамоҳи соли гузашта, ки мегуфт зимистон имсол сард меояд, вале дар рафъи он ниҳодҳои масъули давлат амале ба суди мардум анҷом надоданд, гуфт, ин муроҷиатро метавон як талоши давлат барои гурез аз масъулият дар баробари атбояш арзёбӣ кард.

Зимнан барои рафъи таҳдиди гуруснагӣ дар Тоҷикистон раисҷумҳур дар соли соли 1996 бо фармони худ 50 ҳазор ҳектор заминро ба таври ройгон дар ихтиёри мардум гузошта буд. Аммо новобаста аз чунин иқдом раванди муҳоҷирати кории аҳолӣ ба хориҷ аз кишвар рӯ ба афзоиш дорад ва ба эътиқоди соҳибназарон муҳоҷират ҳамоно манбаи аслии таъминоти хонаводаҳои тоҷик дар чандин соли оянда боқӣ мемонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG