Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаво гарм шуд. Бӯҳрон гузашт?


Фазои Душанбе рӯзи 28 январи соли 2008.
Фазои Душанбе рӯзи 28 январи соли 2008.

Ҳаво дар Тоҷикистон нармтар шуд, ҳама оҳи сабук кашиданд, вале раиси ширкати "Барқи тоҷик" ҳушдор дод, ки захираи барқ танҳо то даҳуми феврал мерасад.

Вале ду умедвории дигар қуввати дили мардум шудааст, ки ваъдаҳои Қирғизистон ва Туркманистон аст. Бишкек, дар ҳоле ки аввал имкониятҳои худро маҳдуд медонист, ризоият дод, сар аз 29-уми январ ҳар шабонарӯз 500 000 киловатт-соат неруи барқро ба Тоҷикистон равона кунад. Президенти Туркманистон низ дар посух ба дархости ҳамтои тоҷикаш ваъда кард, интиқолибарқ ба Тоҷикистонро бештар хоҳад кард.

Дар сӯҳбати телефонӣ бо ёвари вазири энержии Туркманистон ба мо фақат инро гуфтанд, ки бо дастури президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов шумориши имкониятҳои мавҷудаи ин кишвар дар нақли барқи бештар ба Тоҷикистон идоа дорад ва рӯзи чаҳоршанбе санади зарурӣ рӯи мизи раисиҷумҳур фуруд хоҳад омад.

Аслан, созишномаи интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон як сол пеш, дар моҳи феврали соли 2007 имзо шуда буд ва он вақт Ишқобод мегуфт, омодааст, ба Тоҷикистон солона 2 миллиард киловатт-соат неруи барқ интиқол диҳад. Дертар ин адад то 1 миллиард дар сол коҳиш дода шуд ва амалан ба ҷои 6 миллион киловатт-соат дар шабонарӯз Туркманистон ҳамагӣ каме бештар аз нисфи ин нерӯро ба Тоҷикистон мефиристад. Биноан афзоиш метавонад дар доираи ҳамин арқом сурат бигирад, ҳарчанд ҳамсӯҳбатони туркмани мо аз ҳеч адади муайяне ном набурданд.

Аз оғози вазъи шадид дар Тоҷикистон ширкати "Барқи тоҷик" ба он айбдор мешуд, ки бо вуҷуди аҳволи сахти мардуми кишвар неруи барқро ба Афғонистон мефурӯшад, зеро суди молӣ барояш муҳимтар аст. Маълумоти гуногуне, ки мақомоти давлат дар ин бора пахш мекарданд, шубҳаҳоро тақвият медод, зеро яке мегуфт, фурӯши барқ ба Афғонистон идома дорад, аммо кам шудааст, дигаре мегуфт, як киловат ҳам ба Афғонистон фурӯхта намешавад ва ғайра.

Дар гуфтугӯи телефонӣ, хабарнигори Радиои Афғонистони Озод дар вилояти Кундузи Афғонистон Нурмуҳаммад Саҳимӣ гуфт, ҳашт рӯз мешавад, аз Тоҷикистон ба Кундуз барқ дода намешавад. Ҳамсӯҳбати ӯ, сармуҳандиси шабакаи барқи вилояти Кундуз Абдулҳамид мегӯяд: "Чун ҳолате пеш омад, ки як вазъияти ғайриинтизор ва офати табиист ва хориҷ аз иродаи инсонҳост, яъне сармои сахт ва коҳиши сатҳи оби обанбор, яъне ҳолати форс-мажор, на тарафи Афғонистон ва на тарафи Тоҷикистон муқассир нестанд. Танҳо дар ҳолати бесабабу бемарвид надодани барқ зарурати ситондани ҷарима ба миён меояд."

Ба ин тартиб дар Афғонистон қатъи интиқоли барқи Тоҷикистонро як зарурати ногузир донистаанд ва хостори ҷаримаи тарафи ҳамкор нестанд.

Вале пурсише беҷавоб мемонад, ки чаро ин ҳама талошҳои мақомоти Тоҷикистон, ба монанди қатъи интиқоли барқ ба Афғонистон, дарёфти неруи изофии барқ аз Қирғизистону Туркманистон, назорати шадид ба тақсими барқ дар дохили кишвар, даъватҳо ба истифодаи сарфакорона на пеш аз оғози бӯҳрони бебарқӣ дар сармои шадид, балки баъд аз анҷоми он ба амал омаданд. Оё ҳукумате, ки на шароитро ба вуҷуд меорад, балки ба дунболи шароит амал мекунад, қобили эътимоди мардум аст? Оё бо гармтар шудани ҳаво мусибати мардум ва амалкарди ҳукумат фаромӯш мешавад? То кай, то бӯҳрони навбатӣ?

Пурсиши дигарро намояндагони ҳизбҳои Демократ ва Сотсиал-Демократи Тоҷикистон дар миён гузоштаанд, ки чаро барои ин аҳвол касе аз мақомоти давлат ба ҷавобгарӣ кашида нашуд?
XS
SM
MD
LG