Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар 197-километрии шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, 15 нафар кушта ва 6 нафар захмӣ шуд.

Ба иттилоъи мақомоти расмии ноҳияи Айнӣ, то ин соат ҷасади як нафари ҳалокшуда ҳини амалиёти ҷустуҷӯӣ кашф шудааст.

Ин ҳодиса имрӯз, 6-уми август, дар мавзеъи Боғи Муроди ноҳияи Айнӣ, 197- километрии шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, рӯх дод. Ба иттилоъи расида аз ин минтақа, дар натиҷаи бархурди як микроавтобус бо ду мошини сабукрав ҳарсеи мошинҳо аз масир берун ва ба Фондарё сарозер шудаанд.

Шаш нафари мусофирон бо ҷароҳатҳои мухталиф ба беморхонаи ноҳияи Айнӣ интиқол дода шудаанд, вале сарнавишти 14 нафари дигар норавшан мемонад ва бино ба маълумоти муқаддамотӣ, онҳо ҳалок шудаанд. Гуфта мешавад, мусофирони мошинҳои дучори садамашуда сокинони шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе мебошанд.

Дар ҳоли ҳозир дар маҳалли ҳодиса корҳои ҷустуҷӯӣ идома дорад.

XS
SM
MD
LG