Пайвандҳои дастрасӣ

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон барои бори аввал дар қиболи ду нафар бо айбномаи нави «пулшӯӣ» парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Раиси ин оҷонс Шерхон Салимов ин хабарро эълом кард, вале ба хотири халал ворид нашудан ба ҷараёни тафтишот аз шарҳи бештар дар мавриди ин парвандаҳо худдорӣ кард.

Вале Ш. Салимов афзуд, шурӯъ аз замони таъсиси оҷонсӣ то кунун аз сӯи кормандони он ҳудуди 300 мавриди даст ба фасоди молӣ ва идорӣ задани кормандони мақомоти давлатӣ ошкор шудааст, ки 63 мавриди он ришваситонӣ мебошад. Раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, дар робита ба бемасъулиятӣ ва сӯистифода аз мақом 5 нафар корманди худи оҷонсӣ низ аз мансаб барканор гардида ва дар муқобили як нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Аммо ин дар ҳолест, ки таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, фаъолияти оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон комил нест ва афроди бо иттиҳоми фасодкорӣ боздоштшуда аз сӯи ин оҷонсӣ танҳо афроди сатҳи поёнии мақомоти давлатӣ мебошанд. Коршиноси тоҷик Абдуғанӣ Муҳаммадазимов бар ин аст, ки фаъолияти ин оҷонсро феълан наметавон муассир унвон кард, зеро аслан мушкил дар шеваи таъсиси ин оҷонсӣ ва усули назорат бар он аст.

Масъулини Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ мегӯянд, ба хотири ҷилавгирӣ аз фасодкории кормандони худи оҷонсӣ ва муассир гаштани фаъолияти он ҳукумати кишвар сари як қатор тадбирҳо, аз ҷумла баланд бардоштани маоши кормандони ин оҷонсӣ, андеша доранд.

XS
SM
MD
LG