Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дилсардии бонкҳои байнулмилалӣ аз Тоҷикистон


Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё ҳанӯз рӯзи 7 март хабар доданд, ки то анҷоми таҳқиқи қарзи Душанбе аз Сандуқи байналмилалии пул барномаҳои худро дар ин кишвар тавқиф хоҳанд кард.

Ин хабар дирӯз, баъди 17 рӯзи баргузории он нишаст дар сайти интернетии СММ дар Тоҷикистон нашр шуд. Қаблан, Сандуқи байналмилалии пул давлати Тоҷикистонро айбдор кард, ки қарзҳои ин созмонро бар пояи маълумоти нодуруст дарёфт кардааст ва бояд 47,4 миллион доллар аз қарзҳои гирифтаашро баргардонад.

Ҳамроҳии Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё, ду кӯмаккунандаи бузурги иқтисоди Тоҷикистон, ба Сандуқи байналмилалии пул, дар сурати расман таъйид шудани ин хабар, албатта, давлати Тоҷикистонро дар ҳоли боз хиҷолатовартаре меафканад. Рӯзи 5 март ба ҳангоми иттихози тасмими муҷозоти сахти Душанбе, ба ҳар сурат, Шӯрои мудирони Сандуқи байналмилалии пул бо дарназардошти вазъи мушкиле, ки ба далели сардиҳои бесобиқаи зимистони имсола дар Тоҷикистон пеш омадааст, розӣ шуд, ки Душанбе бозгардони 47,4 миллион доллар қарзҳои гирифтаашро на баъди 30 рӯз, ки муқаррарот талаб мекунад, балки аз моҳи сентябри соли ҷорӣ шурӯъ кунад.

Аммо ин ниҳод 5 феврали соли ояндаро замони ниҳоии бозгардони ин қарзи бузург таъйин кардааст. Масъуд Аҳмад, мудири бахши равобити берунаи Сандуқи байналмилалии пул, гуфт, мо ин воқеъиятро дарк мекунем, ки Тоҷикистон дар як марҳалаи хеле мушкили иқтисодӣ қарор дорад, вале қарори Шӯрои созмони мо ин шуд, ки қарзҳое, ки Тоҷикистон аз Сандуқи байналмилалии пул дарёфт кардааст, бояд баргардонда шаванд.

Аммо Бонки миллии Тоҷикистон ҳаҷми маблағеро, ки Тоҷикистон бояд акнун ба Сандуқи байналмилалии пул баргардонад, танҳо 29,4 миллион доллар ҳисоб карда, гуфтааст, Душанбе тавони дар замони таъйиншуда бозгардонидани ин маблағро дорад. Душанбе иддаои Сандуқи байнулмилалии пулро эътироф карда ва ба таҳқиқи фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон аз сӯи як созмони мӯътамади байнулмилалӣ ҳам розӣ шудааст.

Аммо оё чунин муҷозот метавонад ба иҷрои барномаҳои рушди иқтисодии кишвар, ки асосан бар пояи кӯмакҳо ва қарзҳои боимтиёзи чунин ниҳодҳои байнулмилалии молӣ тарҳрезӣ шудаанд, асар бигузорад? Барои Тоҷикистон хеле хиҷолатангез будани тасмимоти Сандуқи байналмилалии пул ва инак, Бонки ҷаҳониву Бонки рушди Осиёро иқтисодшиносони тоҷик як чизи яқин медонанд. Асароти манфии ин тасмимот ба рушди иқтисоди миллиро низ тақрибан ҳама эътироф мекунанд.

Вале Олимҷон Бобоев, муовини вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон ва раиси ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, мегӯяд, асли мушкил фаннист ва марбут мешавад ба низоми ҳисобу китоб ва бонкдории Тоҷикистон, ки ҳамоно аз меъёрҳои байнулмилалӣ фарқ мекунанд.

Ҳамзамон Давлати Усмон, вазири пешини иқтисоди Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки паст шудани эътибори Душанбе дар назди чунин созмонҳо эътимоди ҷомеъаи байнулмилалӣ ба ростии қавли кишварро, ки дар мавриди тақозои қарз ё кӯмаки молӣ як унсури муҳим аст, кам мекунад.

Ва аммо тасмими Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё ҷиҳати таълиқи барномаҳояшон дар Тоҷикистон ба дунболи айни қарори Сандуқи байналмилалии пул то ҳанӯз хабаре расман тасдиқношуда боқӣ мемонад. Вале дар ҳар сурат дида мешавад, ки қарори Сандуқи пул дар боқӣ ниҳодҳои байнулмилалии молӣ низ нигарониҳое дар бораи бар тааҳҳудоти худ амал накардани мақомоти расмии Тоҷикистон ба бор овардааст.

XS
SM
MD
LG