Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулини ширкати Талко ба иддаои ширкати ҳуқуқии Ҳерберт Смити Бритониё, ки барои ҳимояташ 120 миллион доллар тақозо кард, расман посух надоданд.

Аммо дар посухе, ки ширкати ҳуқуқии Ҳерберт Смит аз номи Талко ба Радиои Озодӣ дод, омадааст, ки “масорифи ҳуқуқӣ ва дигар хароҷоти марбута аҳамияти эҳёи саноати тавлиди алюминиюми Тоҷикистонро инъикос мекунад ва ин як нархест, ки бояд барои эҳёи саноати муваффақи арзиз дар Тоҷикистон пардохта мешуд“.

Вале Акбар Муродов, сарвари департаменти ҳуқуқи Талко, тайи як нишаст ба хабарнигорон дар ин робита посух дод, вале ба таври дақиқ равшан нагуфт, ки оё хадамоти ҳуқуқии ширкати бритониёӣ 120 милион доллар арзиш дорад ё не. Вай афзуд, «ман ҳамчунин иттилоъро дар даст надорам ва фикр намекунам, ки он воқеият дошта бошад. Раванди додгоҳӣ идома дорад. Мо бо ҳуқуқшиносонамон дар Бритониё созишнома дорем ва тибқи он пардохти ҳаққи хизмат ҳармоҳа сурат мегирад. Аз ин хотир, сухане дар мавриди ягон қарзи бузург нест ва ман аз ин иттилоъе надорам. Дурусттараш, ин гап нест».

Дар ҳамин ҳол, коршиносон пардохти 120 миллион доллар ҳаққи заҳмати ширкати ҳуқуқии Ҳерберт Смити Бритониёро барои Тоҷикистон хароҷоти миёншикан арзёбӣ мекунанд. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, ҳаққи хизмати вакилони дифоъ дар Бритониё бинобар баланд будани сатҳи зиндагӣ дар ин кишвар баланд аст, аз ин хотир бояд аз хадамоти мутахассисони худӣ бояд истифода мешуд. Вай афзуд, «бо назардошти воқеияти Тоҷикистон бояд ҳуқуқшиносони дохили Тоҷикистон ва тоҷикони Маскаву дигар шаҳрҳо ба ин қазия ҷалб карда мешуданд. Онҳо ҳастанд ва аз ӯҳдаи ин корҳо мебароянд. Бояд дар ин кор мансубияти ҳизбиву мавқеи шаҳрвандии онҳо сарфи назар шавад».

Оқои Ҳакимов дар посух ба суоли он, ки чаро Тоҷикистон аз хадамоти ҳуқуқшиносони тоҷик дар додгоҳи Лондон истифода накард, гуфт, эҳтимол дорад ин як кӯшиши пӯшида доштани раванд аз ҷомеъаи Тоҷикистон буд. Коршиносон мегӯянд, 120 миллион доллар ҳанӯз теғаи айсберг ё яхи бузург аст. Дар ҳоли бохтани додгоҳ Талко боз ӯҳдадор мешавад хароҷоти додгоҳии ҷониби муқобили Талко ширкати Ансол, ки ҳудуди 50 миллион доллар тахмин зада мешавад, пардохт кунад.

Коршиносон мегӯянд, маблағи 170 миллион доллар 5 дарсад маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон, қашшоқтарин кишвари Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъро ташкил медиҳад. Ва дар ҳолати бохт дар додгоҳ ҷониби Тоҷикистон ӯҳдадор мешавад 400 миллион доллари даъвогии ширкати Ансолро низ пардохт кунад. Қаблан дар пайи бохти раванди додгоҳӣ ширкати Талко ӯҳдадор шуд ба ширкати норвежии Hydro 115 миллион долар пардохт кунад.

Ва ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки дар ҳоли бохт ин ҳама маблағро Тоҷикистон чӣ гуна пардохт хоҳад кард? Нашрияи русиии «Маркетинг и консалтинг» навиштааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба баҳонаи саҳм дар нерӯгоҳи Роғун ин маболиғро аз мардум мехоҳад ҷамъ кунад. Тоҳири Абдуҷаббор, коршинос дар умури иқтисод, ҳамчунин бархӯрди ҳукумати Тоҷикистонро аз эҳтимол дур намедонад. Аммо вай афзуд, Талко худ як ширкати бузург аст ва солона тахминан то 500 миллион доллари амрикоӣ даромад дорад, яъне метавонад дар ҳоли бохт дар додгоҳ ва умуман хароҷоти ҳуқуқшиносони инглисашро низ пардохт кунад.

Талко, ширкати алюминиюми Тоҷикистон, бузургтарин корхонаи алюминиюм дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, ки қудрати истеҳсоли солона 520 ҳазор тонна алюминиюмро дорад. Аммо тайи солҳои ахир ҳаҷми истеҳсоли Талко аз 420 ҳазор тонна боло нарафтааст. Тибқи иттилоъи расмӣ, маҷмӯи маҳсулоти дохилии Талко дар соли 2007 1 миллиарду 700 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Ва ин ширкат тасмим гирифтааст соли равон ба буҷаи кишвар 52 миллион доллар ворид кунад.

XS
SM
MD
LG