Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд: афзоиши маош - дарбеҳ ба кисаҳои холӣ


Солгарди «Иди Ваҳдат», гармии ҷонсӯзи тобистон ва мушкилоти деҳқонон ва баланд шудани маош аз мавзуъҳои аслии нашрияҳои Суғд дар ин ҳафта аст.

Нашрияи «Суғд» назарҳои сиёсатмадорони тоҷик ва чанд сокини оддии Суғдро дар мавриди аҳамияти иди ваҳдати миллӣ барои онҳо ҷой додааст. Муҳиддин Кабирӣ - раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтааст, маънии куллии ваҳдатро дар озодиҳои куллӣ мебинад ва то он даме, ки як нафар аз мухолифин дар маҳбас бо ҷурми мансубият ба нирӯҳои оппозитсиюни собиқ боздошта мешавад, ором нишаста наметавонад. Ба қавли оқои Кабирӣ, ҳамаи нишондодҳои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ амалӣ нашуда бошанд ҳам, вале матлаби асосии ба даст овардани сулҳу ваҳдат иҷро шудааст.

Аммо дар посух ба пурсиши ҳафтавори «Суғд» як довталаби таҳсил дар мактаби олӣ гуфтааст, ки иди ваҳдати миллӣ ва ҷашнгириҳои пуртантана барои вай аҳамияте надорад. Зеро ки вай озодона ва бидуни ягон восита наметавонад донишҷӯи донишгоҳ шавад.

Ҳафтаномаи «Ҳамсояҳо» дар сармақолаи худ менависад, деҳқони тоҷик, ки дар ин рӯзҳои гармо арақи ҷабин рехта, дар майдонҳои зироат аз субҳ то шом каланд мезанад, оқибат баъди ҷамъоварии пахта ба ҷуз ғузапоя чизе ба даст намеорад. Ба истиснои як–ду халта орди ваъдагӣ ва баъзе маводи дигар. Ба ҳамин тартиб дар чунин шароити сангин ва гармои тоқатфарсо аз кӯдакони хурд то модарони дуҷон дар пахтазоранд, меафзояд нашрия. Аммо то имрӯз яки онҳо ду нашуда ва умеди ду шуданаш ҳам нест.

Ҳафтавори «Вароруд» дар мавзӯъи мутобиқи амри раисҷумҳури Тоҷикистон баланд шудани маошу нафақа аз 30 то 70 дарсад матлабе дарҷ намуда, саволе матраҳ кардааст, ки оё ин иқдом ба кисаи холии маошхӯрон дарбеҳ гузошта метавонад? Нашрия меафзояд, оне, ки пеш 20 сомонӣ нафақа мегирифт, акнун 60 сомонӣ хоҳад гирифт ва маошхӯрони буҷавӣ, ки ба ҳисоби миёна 100 сомонӣ мегирифтанд, аз ин ба баъд 60 сомонии изофа дарёфт хоҳанд кард.

Вале «Вароруд» мепурсад, оё дар ҳоле ки дар бозор як халтаи орд 125–130 сомонӣ нарх дорад, ин каме боло бурдани нафақаву маошҳо дар Тоҷикистон ба дарди кӣ хоҳад хӯрд? Баръакс, ба ном баланд кардани нафақаву маошҳо барои боз ҳам болоравии нархи маводи ғизоӣ ва дучанду сечанд афзудани андозу боҷҳои гумрукӣ сабаб шудааст.

XS
SM
MD
LG