Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадади Конфронси Исломӣ -- дар ҳоли таҳия


Aкмaлиддин Эҳсоноглу, Дабири кулли Созмони Конфаронси Исломӣ.
Aкмaлиддин Эҳсоноглу, Дабири кулли Созмони Конфаронси Исломӣ.

Намояндаи аршади Созмони Конфронси Исломӣ мегӯяд, имдоди ин ниҳоди ҷаҳонӣ ба мардуми тоҷик пас аз таҳқиқи авзоъ дар Тоҷикистон расонда хоҳад шуд.

Ёвари Дабири кулли Созмони Конфронси Исломӣ, сафир Ато ал-Маннон Ваҳид мегӯяд, ҳарчанд аз даъвати Дабири кул, профессор Aкмaлиддин Эҳсоноглу, муддати зиёде нагузаштааст, дар ин байн чандин кишвари узв хабар доданд, ки омодаанд, ба мардуми Тоҷикистон имдод расонанд.

Ҷаноби Ваҳид аз кишварҳои бахусусе ном набурд ва афзуд, барои таҳияи кумакҳо бояд дар навбати аввал самт ва ҳаҷми ин имдод дақиқ гардад. Ба гуфтаи ӯ, феҳрасти заруриёти фаълии мардуми осебзадаи Тоҷикистон ба дасти намояндагони Созмони Конфронси Исломӣ нарасидааст.

Биноан тасмим гирифта шудааст, ки созмон дар ҳамкорӣ бо бархе аз ниҳодҳои ғайридавлатии Туркия дар ду рӯзи наздик ҳайатеро барои ташхис ва арзёбии авзоъ ба Тоҷикистон мефиристад.

Ёвари Дабири кулли Созмони Конфронси Исломӣ мегӯяд: "Баъди он ки ташхис ҷамъбандӣ мешавад, Созмони Конфронси Исломӣ дар партави он барномаи амали худро дар имдод ба мардуми Тоҷикистон омода хоҳад кард. Ва мо аз рӯи ин барнома кор хоҳем кард. Созмони Конфаронси Исломӣ ҳамаи талошро мекунад, то ба мардуми тоҷик дар ин мусибат ёрӣ расонад."

Таври маълум, 57 давлати ҷаҳон узви Созмони Конфронси Исломӣ мебошанд ва агарчи бахши зиёде аз ин кишварҳо дар вазъи ногувор ба сар мебаранд, як қисми онҳо зимни тиҷорати нафту газ аз давлатҳои сарватманди ҷаҳон ба шумор мераванд.

Тоҷикистон дар соли 1992 ба узвияти он шомил шудааст, вале дар тули ин давраи узвияташ аз кумакҳои Созмони Конфронси Исломӣ истифодаи назаррасе надоштааст.

Вале оё худи созмон то куҷо дар расондани кӯмакҳои башардӯстона таҷриба доштааст, пурсидам аз сафир Ато ал-Маннон Ваҳид, ёвари Дабири кулли Созмони Конфронси Исломӣ дар равобти байнулмилал ва умури башарӣ:

"Таҷрибаи Созмони Конфронси Исломӣ дар умури башарӣ хеле бузург аст. Барои намуна, нақши он дар кумак ба офатзадагони зилзила дар Покистон ё суномӣ дар чандин кишвари Осиё қобили зикр аст. То ҳол бунёде фаъол аст, ки созмон барои кумак ба кудакони бепарастони суномӣ таъсис дода буд. Ин барномаи иборат аз 137 миллион доллар тарбияи 25 ҳазор кудаки бепарасторрор барои 15 сол таъмин мекунад. Чунин имдод ба Найҷир ҳам расонда шуд ва ба зудӣ Дабири кулли Созмони Конфаронси Исломӣ бо дархости ҳукумат Судон ва дар ҳамкорӣ бо Бонки Рушджи Исломӣ барои мадад ба мардуми Дорфур анҷумани байнулмилалии имдод таъсис медиҳад."

Ба ҳамсӯҳбати худ, ҷаноби сафир Ато ал-Маннон Ваҳид, ёвари Дабири кулли Созмони Конфаронси Исломӣ ин ҳақиқатро расондам, ки дар Тоҷикистон дар гузашта аз кумакҳои созмони ҷаҳонии мусулмонон истифодаи кам шудааст ва мардум ин нуктаро низ дар хотир доранд, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ин ниҳоди бонуфуз талош накардааст, мушкили мардуми мусулмони Тоҷикистонро осон гардонад.

Ҷаноби Ваҳид дар посух гуфт, он як давраи аввали ва сангини истиқлолияти Тоҷикистон буда, аз он ҷо ки яке аз нерӯҳои даргир зери парчами ислом мубориза мекард, созмон андеша мекард, ки кумакҳои он обуранги сиёсӣ пайдо накунанд. Сафир Ваҳид афзуд, ҳам дар гузашта ва ҳам ҳоло, Созмони Конфронси Исломӣ ваколатномаи худро танҳо бо сабук кардани дард ва андӯҳи мардум маҳдуд кардаасту мекунад.
XS
SM
MD
LG