Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашрияи «Ҳамсояҳо» дар сармақолаи худ бо ёдоварӣ аз он, ки Русия барои истифода аз нерӯи барқи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» Тоҷикистонро 3 миллион доллар қарздор кард, менависад, ин вазъият бори дигар ҳушдор медиҳад Тоҷикистон бояд аз ним зиёди саҳмияи нерӯгоҳи обии барқи Роғунро аз даст надиҳад.

Вагарна, ба қавли нашрия, расидан ба истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ба як хоби ширин мубаддал хоҳад гашт. Вале 75 дарсади саҳмияи неругоҳи обии барқи «Сангтӯда-1», ки як агрегати он дар моҳи январи соли равон ба кор андохта шуд, ба Русия тааллуқ дорад ва танҳо 25 дарсади саҳмияи он моли Тоҷикистон аст.

Ҳафтаномаи «Вароруд» бо нашри як матлаб таҳти унвони «Ғуломони безанҷир» менависад, ки шиори «пахта – ашёи стратегии давлати Тоҷикистон» дар ин кишвар ба як воситаи воҳимаву тарсафганӣ ва ташвиқу тарғиб табдил ёфтааст. Муаллифи матлаб мегӯяд, вале пахта боиси зиндагии осудаи аксари кулли аҳолӣ ва амнияти озуқа дар Тоҷикистон нест. Ба навиштаи «Вароруд», дар соли 2007 дар вилояти Суғд 125 ҳазор тонна пахта бо нерӯи кӯдакону калонсолон ҷамъ оварда шуда, аммо маълум нест маблағи он куҷо рафт ё ба ҷайби киҳо даромад? Баракс, дар ин як сол нархи равғану собун ва дигар маҳсулоти пахтагӣ се баробар баланд рафт.

Нашрияи «Вароруд» бо нашри як матлаби дигар дар мавриди касод ва баста шудани корхонаи муштараки Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ «Кабул Таҷик Текстайлз», воқеъ дар Хуҷанд, менависад, оё сармоягузорони куриёии яке аз бузургтарин корхонаҳои коркарди пахтаро чӣ водор кард аз Тоҷикистон фирор кунанд? Ба навиштаи «Вароруд», шароити нохуб ва мушкилоти зиёд сармоягузорони куриёиро ба ботлоқи қарзҳо ғутонд ва аз идомаи фаъолият дилсард гардонд. Акнун ки кори корхонаи «Кабул таҷик текстайлз» ба додгоҳ кашида шудааст, менигорад «Вароруд», тақдири 1 ҳазор коргари акнун бекори он чӣ мешавад?

Нашрияи «Суғд» бо нашри як матлаби муфассал бо унвони «Чаро Салафиён мазҳаби ҳанафияро қабул надоранд?» фарқи ин ҷараёни динӣ аз мазҳаби суннатии ҳанафии роиҷ дар Тоҷикистон ва хатарҳои эҳтимолӣ аз густариши ҷараёни салафия ба ҷомеаи ин кишварро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Ба қавли муаллифи мақола, аз таълимоти салафия метавон мавориди зиёдеро мисол овард, ки ба таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, ки аксари кулли мусалмонони Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, мухолифат дорад. Ба мисли, мувофиқат накардани салафиён ба баъзе ҷузъҳои гузоридани намоз аз рӯи мазҳаби ҳанафия, мисли баланд гуфтани «омин», бардоштани дастҳо ҳангоми рукӯъ ва суҷуд ва монанди инҳо. Нашрияи «Суғд» менависад, оё паҳн ва таблиғи ақидаи салафия, ки мардуми тоҷик аз он пайравӣ намекунад, сабаби эҷоди фитна дар ҷомеъа нахоҳад шуд ?

Нашрияи «Ҳамсояҳо» аз дастоварди кишоварзони Суғд як хушхабар нашр кардааст. Ба навиштаи нашрия, барномаи як кишоварз аз ноҳияи Ашт – Афзалиддин Абдусамиев дар бораи бунёди корхонаи хурди коркарди меваи хушки зардолу дар форуми байнулмилалии соҳибкорони қитъаҳои Осиёву Африқо ва Амрико сазовори ҷои сеюм ва ҷоизаи 10 ҳазор евро гаштааст. Форуми мазкур дар шаҳри Амстердами кишвари Нидерланд баргузор шудааст.

XS
SM
MD
LG