Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сатҳи баланди таваррум дар Тоҷикистон


Ба ҳисоби Кумитаи омори Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ, сатҳи таваррум ё инфлятсия дар Тоҷикистон дар як соли ахир ба 26,6 дарсад расидааст.

Ин нишондод назар ба мизони миёнаи таваррум дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ қариб 70 дарсад бештар аст. Ин ниҳод мегӯяд, дар ин муддат баландтарин мизони болоравии нархҳо дар Тоҷикистон мушоҳида шудааст. Аммо дар айни ҳол поинтарин мизони рушди иқтисод дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ низ дар Тоҷикистон мушоҳида шудааст.

Ҳамчунин мизони рушди маҷмӯъи даромади нохолиси Тоҷикистон дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ ҳамагӣ 4,1 дарсадро ташкил додааст, ки пасттарин нишондод дар байни кишварҳои муштаракулманофеъ ва 2 маротиба камтар аз мизони миёнаи рушди иқтисод дар паҳнои Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ маҳсуб мешавад.

Ҷамшед Юсуфов, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ таъкид кард, ки рақамҳои омада дар гузориши Кумитаи омори Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ дар мавриди сатҳи таваррум нафақат 4 моҳи аввали соли ҷорӣ, балки як соли тамомро дарбар мегирад. Аммо оқои Юсуфов афзуд, ки бино бар пешбинии онҳо, мизони таваррум дар Тоҷикистон то поёни соли ҷорӣ метавонад то 15 дарсадро ташкил диҳад.

Иқтисодшиноси тоҷик Тоҳири Абдуҷаббор мегӯяд, фишори болоравии нархҳо ва беқурбшавии пули миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳамин як соли гузашта бештар ба назар мерасид ва аз ин лиҳоз мешавад ба омори овардаи Кумитаи омори Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ эътимод кард.

Тоҳири Абдуҷаббор мегӯяд, таъсири омили дохилӣ дар мизони таварруми пул дар Тоҷикистон барҷастатар ба назар мерасад, чунки, ба эътиқоди ӯ, ҳаққи таъйини нархҳо дар бозори дохилӣ зери дасти гурӯҳҳои маҳдуди олигополиву монополии наздик ба давлат афтодааст, ки нархи маҳсулотро одатан бо маслиҳат таъйин мекунанд.

Аммо дар ҳоле ки мақомот ва коршиносон дар бораи сатҳи таваррум ва таъсири он ба нишондиҳандаҳои иқтисодии Тоҷикистон баҳс мекунанд, мардуми оддӣ бештар нигарони осори манфиест, ки болоравии нархҳо ва беқурбшавии пул ба қобилияти харидорӣ ва ҳамин тавр, ба кайфияти зиндагии ҳаррӯзаи онҳо мегузорад.

Ба ҳисоби созмонҳои байнулмилалӣ, бӯҳрони ҷаҳонии ғизо 550 000 нафар дар Тоҷикистонро дар як ҳоли осебпазир қарор дода ва ниёзманди кӯмакҳои ғизоӣ кардааст. Аммо ин мардуми ниёзманд ва осебпазир, тавре ба назар мерасад, ҳар кадом саргарми кашидани аробаи худ буда ва дигар чандон рӯ ба раҳми давлат ва масъулинаш нестанд, ки ин аспи тургирифтаи таваррумро оё кай дубора лаҷом хоҳад зад.

XS
SM
MD
LG