Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар бинои марказии "Амонатбонк". АКСУ ВИДЕО


Сӯхтор дар бинои марказии бонки давлатии "Амонатбонк", дар наздикии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Телевизиони Тоҷикистон, хомӯш карда шудааст. Як корманди бонк рӯзи 21 феврал гуфт, ки сӯхтор дар маҳалли баргузории конфронсҳо иттифоқ афтода, онҳо талош кардаанд, тамоми ҳуҷҷат ва "сервер"-ҳоро ба берун бароваранд, то осебе нарасад.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Сӯхтор дар "Амонатбонк"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00

Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, ки сӯхтор ҷиддӣ буд ва дар сурати зуд расидагӣ накардан метавонист биноро "фурӯ барад". Бо ин ҳол, то кунун иллати сӯхтор ва зарараш ба бонк эълон нашудааст. Вале мақомот гуфтанд, ба зудӣ баъди тафтишоти ҳодиса ҷузъиёти бештарро эълон хоҳанд кард.

Ин видеоро яке аз хонандагони вебсайти Радиои Озодӣ фиристод:

Сӯхтор дар бинои марказии "Амонатбонк"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:58 0:00

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ки наҷотдиҳандагон кормандон ва муштариёни бонкро сари вақт аз бино бароварданд. Аз рӯи арзёбиҳои пешакӣ, 90 фоизи оташ хомӯш карда шуда, боми бонк пурра сӯхтааст. Дар пайи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар ҷойи ҳодиса гуфт, ки оташ боми "Амонатбонк"-ро фаро гирифтааст ва кормандони Идораи сӯхторхомушкунии шаҳри Душанбе "шифер"-ҳои як қисми бомро кандаанд, то забонаи оташ дохили утоқҳои бонк нашавад.

XS
SM
MD
LG