Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон бо ҳавопаймоҳои афғонҳо ба ҳаҷ мераванд


Ду гуруҳи 165 - нафарӣ аз зоирини хонаи Худо субҳ ва шоми 27 ноябр Душанберо ба қасди Ҷидда тарк карданд ва ба гуфтаи мақомоти марбута то рузи 11 декабр қарор аст, тавассути 31 парвози махсус ҳамаи зиёраткунандагони хонаи Худо, ки иҷозаи сафарро гирифтаанд, ба Ҷидда мунтақил шаванд.

Мақомоти ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон гуфтаанд, фиристодани ҳоҷиён тавассути парвозҳои як ширкати ҳавопаймоии Афғонистон бо номи КомЭйр сурат мегирад. Ва ҳавопаймоҳои ширкати ТоҷикЭйр барои ин парвозҳои махсус истифода нахоҳанд шуд.

Дар соли равон 5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон муваффақ ба дарёфти раводид барои зиёрати хонаи Худо дар Арабистони Саудӣ ва ба ҷо овардани маросими ҳаҷ шудаанд. Ва ин дар ҳоле, ки мақомоти Вазорати фарҳанг гуфтаанд, барои 6.500 нафар дархост ирсол карда буданд. Аммо бино ба гуфтаи масъулини идораи дини вазорати фарҳанг, дар соли равон, теъдоди зиёди шаҳрвандон муддаии зиёрати хонаи Худо будаанд. Ва аксари ин иштиёқмандони зиёрати хонаи Худо маблағи муқарраршударо тавассути бонкҳо пардохт ва асноди худро барои барои рафтан омода карда буданд. Ҳудуди 1300 нафар, ки маблағи сафарро пардохт карда, вале иҷозаро дарёфт накарданд, малбағҳои худдро метавонанд пас бигиранд.

Бино ба иттилоъи идораи дини вазорати фарҳанг, ҳар зиёраткунундаи хонаи Худо имсол 2 ҳазору 580 доллари амрикоӣ барои дарёфти иҷозаи сафар ва иқомат пардохт кардааст. Гуфтанист, чунин ҳолате, ки довталабони зиёрати хонаи Худо маблағи ҳаҷро пардохт, вале имкони сафарро аз пайдо намекунанд, тайи чанд соли охир ба сурати муназам рух додаст. Солиёни қабл ширкатҳои хусусӣ низ иҷозаи бурдани ҳоҷиёнро доштанд ва мақомот дар пеш омадани чунин ҳолате ин ширкатҳро муқассир медонистанд. Ва тибқи чунин парвандаҳо чандин нафар маҳкум ба зиндон низ шудааст.

Вале аз соли 2005 ба ин ҷониб масъули фиристодани ҳоҷиён танҳо Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон аст. Аммо боз ҳам чунин иттифоқе пеш меояд.

Иди Қурбон ба таърихи 20 декабр муайян шуда то поёни сол ҳоҷиён бозпас хоҳанд гашт.

XS
SM
MD
LG