Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди зиёде аз ҷавонони Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсил ва ё кор мекунанд, азми бозгашт ба ин кишварро надоранд.

Ва ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон пайваста мегӯяд, ки мӯҳтоҷи кадрҳои ҳирфаӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба аст. Ҳарчанд баъзе аз донишҷӯёне, ки таҳсилро дар хориҷ хатм мекунанд, ба Тоҷикистон бармегарданд, аммо баъд аз муддате, ба қавли худашон, сарашонро гирифта аз Тоҷикистон мегурезанд, зеро ҷойи кори муносиб ва мувофиқ ба дониши худ намеёбанд. Агар бошад ҳам ба гуфтаи ин донишҷӯён ба онҳо намерасад, магар ки ягон хеши зӯр ва ё пули кофӣ барои ришва додан дошта бошӣ.

Ба гуфтаи Фурузон, донишҷӯи соли дуввуми донишгоҳи шаҳри Санкт-Петербург, аксари ҷавонон ояндаи дури худ дар Тоҷикистон чандон умедворкунанда намебинанд, аз ин хотир ҷавонони тоҷике, ки дар Русия таҳсил мекунанд, дар инҷо мемонанд ва ҷойи кор меёбанд. Фурӯзон мегӯяд, сиёсати ҳукумат онҳоро дилсард мекунад. Вай мегуяд, «ин тавр аст, ки донишҷӯён ба сиёсати давлати худ чандон боварӣ надоранд. Онҳо боварӣ надоранд, ки дар кишварашон соҳиби кори хуб мешаванд. Онҳо боварӣ надоранд, ба ҳамин далел кӯшиш мекунанд, ки ба ҷойи пайдо кардани кор дар кишвари худ аз онҷо муҳоҷират мекунанд. Баъзе донишҷӯён бармегарданд, аммо аксарият ҳамин ҷо мемонанд ва барои худ кор пайдо мекунанд. Ва он донишҷӯёне ба Тоҷикистон бармегарданд, ки мутмаинанд барояшон курсӣ тайёр аст».

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҷавонони ин кишвар ба сиёсат чандон майл надоранд ва танҳо дар андешаи зиндагии рӯзмарраи худ ҳастанд. Умеди Ҷайҳонӣ, хатмкунанаи донишгоҳи давлатии Маскав, ки дар ин шаҳр фаъолият мекунад, мегӯяд, табиист, ки ҷавонон мехоҳанд хуб зиндагӣ кунанд ва таъмин бошанд. Ҳамчунин вай гуфт, донишҷӯён дар Тоҷикистон наметавонанд дониши худро ба маблағи хуб бифурӯшанд ва маҷбуранд дар ин кишвар бимонанд. Умед Ҷайҳонӣ мегуяд, “агар дар Тоҷикистон пешравӣ медидем, мо дар ин ҷо намебудем. Барои чи донишҷуён ояндаи худро дар кишвари худ намебинанд? Барои он ки таҳсил мекунанд, ин илме, ки ин ҷо ба даст меоранд, дар Тоҷикистон харидор надорад. Магар ин ки барои худ коре боз кунанд. Агар коре ҳам боз кунанд, он ниҳодҳои кишвари чунон даст ба домани онҳо мезананд, ки дар ҳафт соли дигар ба худ намеоянд".

Аксари муҳоҷирони тоҷике, ки дар бозорҳо ва сохтмонҳои шаҳри Маскав кор мекунанд, ҷавонони аз 18 то 27-сола ҳастанд. Теъдоди зиёди онҳо мактабро хатм карда ва шиноснома гирифтанд, ки мисли паррандаҳои муҳоҷир ба сӯи Русия парвоз мекунанд. Мирзо - як тан аз муҳоҷирони тоҷике, ки дар сохтмони шаҳри Маскав кор мекунад, мегӯяд, ба сабаби мушкилоти зиёди молии хонавода онҳо маҷбур ба муҳоҷират мешаванд. Ва агар донишҷӯ бошанд, нимгурусна мегарданд ва аз ин аст, ки роҳи Русияро пеш мегиранд, то шиками худро сер кунанд ва пуле ҳам барои волидонашону бародарони хурдиашон бифиристанд.

Ҷавонони тоҷик аксаран мехоҳанд ба кишварашон баргарданд ва кор кунанд, аммо бекорӣ ва зиндагии мушкилу тарснок онҳоро аз ватан дур нигаҳ медорад. Аксари мусоҳибонам гуфтанд, ки агар давлати Тоҷикистон, як каме ба мушкили ҷавонон расидагӣ кунад ва ғами онҳоро бихурад ва имконоте барои кор фароҳам оварад, ҳеҷ як нафар ҷавон дур аз ватан ва муштоқи дидори модару падару бародар ва завҷа дар кишвари хориҷӣ намемонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG