Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони Искич: меҳнати сангин барои як сомонӣ


Зарнигорхонуми 50-сола аз деҳаи дурдасти Искичи ноҳияи Ҳисор орзу дорад дар ҷое кор кунад, ки дигар белу каланд ба даст нагирад.

Вай орзу мекунад, ки коре дошта бошад, ки на дар саҳрои гоҳ сарду гоҳ сузон, балки дар утоқи кории дорои мизу курсӣ бошад ва, аз ҳама муҳим, ҳақмуздаш хубу мувофиқ ба меҳнаташ бошад. Аммо, мегӯяд хонум Зарнигор, ин ҳама хоҳиши ӯ ва даҳҳо дигар заноне, ки субҳ то шом дар саҳро тамоми корҳои вазнину мардонаро ба уҳда гирифтаанд аз орзуе беш нест. Ин занонро мо зимни сафар ба деҳаи дурдасти Искичи ноҳияи Ҳисор вохӯрдем. Онҳо бо сару руйи печонидашуда бархе ба белзании замин ва гурӯҳи дигар ба обмониву тоза кардани атрофи ниҳолҳо машғул буданд.

Зарнигор дар суҳбат бо мо аз зиндагӣ ва шароити мушкили кориашон чунин қисса кард, одатан онҳо хеле серкоранд, ниҳол мешинонанд, себ парвариш мекунанд, побел ва ҷобуқ мекунанд, хулоса тамоми рӯз ба корҳои вазнине, ки иҷрои онҳо ба хусус ба занон мушкил аст, машғуланд. Вай мегуяд, албатта кор дар саҳро осон нест, боз ягон ҷои нишастан ҳам надорад, ки ҳадди аққал чанд лаҳза шинему истироҳат кунем.

Ҳама кормандони ин хоҷагии боғдорӣ занон будаанд, чун аксари мардони деҳ ё дар муҳоҷирати Русия ҳастанд ва ё бо чунин як маоши кам кор дар хоҷагиро ба уҳда нагирифтаанд. Зарнигор мегӯяд, онҳо бо шиками нимсеру нимгурусна аз субҳи барвақт то шом дар саҳро кор мекунанд, вале барои ин ҳама меҳнати миёншикан ҳаққи заҳмати онҳо дар як рӯз як сомониро ташкил медодааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки онҳо маоши худро саривақт намегирифтаанд. Вай мегуяд, «маош менависанду баъд вақти маошгирӣ маблағро намегирему охири сол ҳисобу китоб карда, баъд гандум ё каҳ медиҳанд. Одамоне, ки дар утоқи тоза ва рӯи мизу курсӣ кор мекунанд, чӣ қадар маблағ мегиранд? Мо чӣ қадаре белу каланд занем ҳам муздаш як сомонӣ аст, фарқ надорад хоҳ дар 1 сотих ё дар 5 сотих кор мекунем. Ҳарчанд як чунин рӯзи кории масалан мардикоре, ки аз бозор оварда мешавад 20 сомонӣ аст».

Вале ин ҳамаро занони коргар танҳо ба хотире таҳаммул мекардаанд, ки хоҷагии деҳқонӣ ба онҳо ҳаққи истифодаи ройгон аз як пора заминро медодаст. Ин занон бо сабаби набуди об дар заминҳои наздиҳавлигӣ ба ғайр аз истифодаи заминҳои хоҷагӣ чорае надоранд. Ва аммо имсол барои ин занони коргар чандон соли бобарор набудааст. Онҳо мегӯянд, сардии бесобиқаи зимистон боиси сармо задани аксари ниҳолу дарахтон гашта, ба хоҷагии деҳқонӣ низ хисороти зиёди молӣ ворид кардааст. Ба гуфти занон, ин ҳолат вазъи иктисодии онҳоро ба маротиб бадтар кардааст.

Ин занони коргар имсол ҳатто дар рӯзи занон ҳам қадрдонӣ нашудаанд. Ба ҳамин тартиб ин бонувон то ғуруби офтоб дар саҳро кор мекунанд ва шом хаставу афгор ба манзилҳои хеш бармегарданд.

Аммо мегуянд, болои ин ҳама заҳматҳо онҳоро манзилҳои торик ва фарзандони гурусна интизор аст ва онҳо маҷбуранд бо ҷамъ кардани охирин неру барои аҳли оила хӯроки шом таҳия кунанд. Ба гуфти хонум Зарнигор, аксар вақт то ҳадде хаста мешавад, ки тавони хурдани хӯроки шомро накарда, мехоҳад зудтар сар ба болин гузорад, чун медонад, ки пас аз чанд соат ӯро боз кори вазнини саҳро интизор аст.

XS
SM
MD
LG