Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси оби Тоҷикистон ва Ӯзбакистон


Мақомоти обу энержии Тоҷикистон иддаои Ӯзбакистон дар мавриди истифодаи бенизоми захоири оби рӯдхонаҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистонро рад карда, дар ҷавоб кишварҳои поёноб, аз ҷумла Ӯзбакистон ва Туркманистонро дар истифодаи аз ҳад зиёд ва бесамари оби ин рӯдхонаҳо муттаҳам намуд.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш вазири хориҷаи Ӯзбакистон Владимир Норов зимни суханронӣ дар маҷмаи кулли СММ ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти об дар Осиёи Марказӣ мутаваҷҷеҳ сохта гуфтааст, ки бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар болооби рӯдхонаҳои фаромарзӣ, бо манзури Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар минтақа хатароти ҷиддии эколожӣ эҷод карда, боиси сар задани ихтилофи миёни ин кишварҳо мегардад.

Вазири хориҷаи Ӯзбакистон гуфтааст, истифодаи оқилонаи захоири обро бандҳои се конвенсиюни СММ муттаҳид тақозо мекунад ва ҳамчунин афзудааст, иқдомҳои якҷонибаи ин кишварҳо, бо ишорат ба Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар мавриди бунёди сарбанд ва нерӯгоҳҳо хилофи талаботи ин конвенсиюнҳо аст. Вазири ӯзбак гуфтааст, агар ин кишварҳо тарҳҳои гидроэнержии худро бе машварат ва бе манзури омилҳои эколожӣ роҳандозӣ кунанд, ҷониби Ӯзбакистон аз ин кишварҳои минтақа, тақозои ҷуброн хоҳад кард.

Вале рӯзи сешанбеи 16 октябр Яраш Пулодов, раҳбари кулли муассисаи давлатии пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон дар мавриди истифодаи захоири оби рӯдхонаҳои фаромарзӣ бар хилофи санадҳои байналмилалӣ амал накардааст ва дар эҷоди мушкилоти эколожии минтақа худи кишварҳои поёноби Ӯзбакистону Туркманистон гунаҳгоранд.

Вай афзуд, агар манзур ҳавзаи баҳри Арал бошад, мушкилоти зистмуҳитӣ дар ин минтақа ҳанӯз аз солҳои 60 бо сабаби афзоиши заминҳои кишоварзии кишварҳои поёноб ва истифодаи аз ҳад зиёди об эҷод шуда буд. Барои мисол аз 10 миллион ҳектор замини кишоварзии ҳамвориҳои Осиёи Марказӣ қариб нисфи он ба Ӯзбакистон тааллуқ дорад. Рӯдхонаи Омӯ пас аз сарбанди Кирка дар миёни Ӯзбакистон ва Туркманистон 50 ба 50 қисмат мешавад. Мавриди ин тақсимоти об миёни худ онҳо на назари Тоҷикистон, на Қирғизистон ва на Афғонистонро нахостанд. Дар ин маврид аз мушкилоти эколожии баҳри Арал, дар маҷмӯъ муҳити зисти Оисёи марказӣ фаромӯш карданд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳомид Орифов, намояндаи вазорати энержии Тоҷикистон гуфт, тарҳҳои бузурги энержии Тоҷикистон, ки Ӯзбакистон ба анҷоми онҳо мухолифат дорад, қаблан дар машварат бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ аз чумла худи Ӯзбакистон, бунёдгузорӣ шудааст. Ба гуфтаи вай, Ӯзбакистон ҳанӯз замони шӯравӣ ба ҳама қарордодҳои бунёд иншоотҳои бузурги энержии Тоҷикистон имзо гузошта буд. Ҳамчунин пас аз суқути давлати шӯравӣ эъломияи Нуқус аз сӯи сарони кишварҳо ба тасвиб расид ва дар ин эъломия банде ҳаст, ки ин кишварҳо тарҳҳои замони шӯравиро эътироф мекунанд.

Бино ба иттилоъи оморӣ, 55 дарсади оби рӯдхонаҳои ҳавзаи баҳри Арал аз Тоҷикистон сарчашма мегирад. вале Тоҷикистон танҳо ҳудуди 12 дарсади онро истифода мебарад. Аммо кишварҳои поёноб, аз ҷумла Ӯзбакистон ва Туркманистон, ҳар яке бештар аз 40 дарсади ин захоири обро мавриди баҳра қарор медиҳанд. Ва шурӯъ аз соли 2005 тарҳи созишномаи истифодаи об барои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ омода шудааст, вале мақомоти обу энержии кишварҳои минтақа бо гузашти 11 даври музокирот ба тавофуқе даст наёфтаанд.

XS
SM
MD
LG