Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия


Дастаи ҳунарии донишҷӯёни тоҷик, ки дар Санкт - Петербург таҳсил ва кор мекунанд.
Дастаи ҳунарии донишҷӯёни тоҷик, ки дар Санкт - Петербург таҳсил ва кор мекунанд.

Дар маҷмӯъ, шумори феълии донишҷӯёни тоҷик дар макотиби олии Русия ҳудуди беш аз 5.000 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Қисмати бузурге аз ин донишҷӯён тибқи квотаҳои вижаи байнидавлатӣ барои идомаи таҳсил ба Русия меоянд. Онҳое ки тибқи ковта таҳсил мекунанд, муваззафанд баъди анҷоми донишгоҳ ба ватан баргарданд ва дар Тоҷикистон ҷойи кор биҷӯянд. Вале дар бештари маворид ин банди қарордоди таҳсил иҷроношуда боқӣ мемонад.

Шуморе аз донишҷӯёни тоҷик аллакай соле баъд аз оғози таҳсил ба иллати нокомӣ дар маъракаҳои имтиҳоноти даврӣ аз донишгоҳ хориҷ мешаванд. Ҳадди ағлаби ононе, ки панҷ соли таҳсилро пушти сар карда ва донишгоҳро хатм мекунанд, баъди анҷоми таҳсил бо талаби кори хубтару маоши муносибтар дар Русия мемонанд.

Аксари донишҷӯёни тоҷик дар Русия маҷбуранд ба хотири таъмини зиндагӣ ва таҳсил баъд аз дарс кор кунанд. Бархеи онҳо ҳатто талош мекунанд, бар замм, ба падару модари ниёзманди худ дар Тоҷикистон низ ҳар сари чанд вақт кӯмаки молӣ бифиристанд.

Аммо тайи солҳои охир як мушкили умда барои донишҷӯёни тоҷик ва нафақат тоҷик дар Русия - ин мушкили амниятист.

Афзоиши ҳамалот ба шаҳрвандони хориҷӣ дар заминаи адовати қавмиву нажодӣ, ки дар Русия дида мешавад, ҳатто боис шудааст, ки бархе аз волидайн дар Тоҷикистон қарори барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳои Русия фиристодани фарзандони худро бознигарӣ кунанд. Манучеҳр - донишҷуи тоҷики Донишгоҳи равобити байналмилалии Русия гуфт, аллакай дар моҳи авали омаданаш ба Русия дар метро ба ҳамлаи сартарошидаҳо рӯбарӯ шудааст.

«Аввал онҳо аз ман сигор хостанд, ман гуфтам, ки сигор намекашам, баъд гуфтанд, ки ба мо 1000 рубл деҳ, ман гуфтам, надорам. Баъд онҳо гуфтан, ки агар ба хубӣ нахоҳӣ, мо туро лату кӯб мекунем. Даҳ қадам аз мо пулис истода буд ва тавре нигоҳ мекард, ки гуё моро намебинад.»

XS
SM
MD
LG