Пайвандҳои дастрасӣ

Бурду бохти варзиши тоҷик


Барномаи навбатии маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба бурду бохти варзиши тоҷик дар нӯҳ моҳи соли равон бахшида мешавад

Муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабир Ҷӯраев ба Радиои Озодӣ гуфт:

«Варзишгарони тоҷик дар 9 моҳи соли равон дар мусобиқоти мухталифи байнулмилалӣ ширкат карда, соҳиби 48 медали тилло, 43 нуқра ва 67 биринҷӣ гардидаанд. Бахусус натоиҷи ба даст овардаи се варзишгари мо - гурзандоз Дилшод Назаров, гуштигирон Расул Боқиев ва Юсуф Абдусаломов дар мусобиқоти байнулмилаливу ҷаҳонӣ, ки ба онҳо имкони ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2008-ро додааст, қобили зикр аст. Инчунин дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон, ки барои аввалин бор дар давраи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни футболбозони зери 17-сола иштирок кард, дар қатори 16 дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ сазовор гардид. Вале дар варзиши тоҷик ҳанӯз камбудиҳои зиёд, аз ҷумла нарасидани иншоотҳои замонавӣ, таҷҳизоту лавозимоти варзишӣ ва кадрҳои баландихтисоси соҳа ҷой доранд. Ба иллати камбуди маблағ варзишгарони мо дар бисёр мавридҳо аз ширкат дар мусобиқоти байнулмилалӣ даст мекашанд, ки ин ба баландшавии маҳорати касбии онҳо монеъ мешавад.»

Барои шунидани ин барнома рамзи радио дар тарафи рости сомонаро клик бикунед

XS
SM
MD
LG