Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия нашрия таъсис дод


Абдуллои Давлат, раиси «Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия»

Абдуллои Давлат, раиси «Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия»

Нахустин шумораи нашрияи «Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия» таҳти унвони «Минбари тоҷикистониҳо» ҳафтаи равон ба дасти хонандагон хоҳад расид.

Раиси созмон Абдуллои Давлат дар суҳбат бо радиои Озодӣ дар Маскав дар ин маврид гуфт, нашрия бо ҳаҷми ҳашт саҳифа феълан дар дасти чоп аст ва умед дорем то рӯзи якуми май ба хонандагон бирасад.

Раиси созмон афзуд, мавзуъҳои марказии нашрияи «Минбари тоҷикистониҳо» бурду бохти муҳоҷирони Тоҷикистон дар Русия аст ва ба тадриҷ такмил меёбад. Вай ҳамчунин гуфт, мо талош хоҳем кард, то нашрия василаи иртибот байни муҳоҷирон ва ватан бошад. Ба гуфтаи Абдуллои Давлат, ҳудудан наздик ба як миллион муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия ба сар мебаранд ва аммо онҳо муддати тулонӣ аз вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоъии кишвари худ бехабар ҳастанд. Рӯзнома маҳз барои бароварда сохтани ҳамин ниёзмандии муҳоҷирон таъсис шудааст.

Забоншинос Боғшоҳи Лашкарбек бо истиқбол аз нашри «Минбари тоҷикистониҳо» мегуяд, муҳоҷирони Тоҷикистон дар Русия ба иттилоъ бо забони модарӣ зиёд ниёз доранд ва чопи ҷаридаи тоза аз манфиат холӣ нест.

Нашри « Минбари тоҷикистониҳо»-ро сафири Тоҷикистон дар Русия Абулмаҷид Достиев табрик гуфтааст. «Минбари тоҷикистониҳо» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ интишор мешавад.

Шавкат Ниёзӣ, адабиётшиноси тоҷикии муқими Маскав - сардабир ва тарҷумони адабиёти форсу тоҷик Михайл Синелников - муъовини сардабир интихоб шудаанд. Нашрияро наққоши тоҷики муқими Маскав Қодири Раҳим оро додааст.
Дар Русия ҳамчунин нашрияҳои «Чароғӣ руз» ва «Тоҷикони Русия» вуҷуд доранд, вале ба сабаби кабудӣ молӣ гоҳ ба гоҳ чоп мешаванд.

XS
SM
MD
LG