Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили забони тоҷикӣ дар макотиби Мурғоб


мс

Аз 14 макотиби таълимоти ҳамагонии ноҳияи Мурғоб фақат дар 5-тои ин макотиб забони тоҷикӣ таълим дода мешавад. Муовини сардори Идораи маорифи вилоят Хушназар Абдуласейнов гуфт,ки чунин вазъи таълими забони давлатӣ дар ноҳия ба иллати нарасидани омӯзгорони ин фан ба амал омадааст.




Вай гуфт ҳамчунин, бино ба мушкилоти моливу иқлимӣ мутахассисони ҷавон ба вижа, дар навоҳии дурдаст кор кардан наметавонанд ва ин ҳолат низ ба вазъи омӯзиши забон таъсир расондааст. Дар ҳамин ҳол мақомоти иҷроияи ноҳияи Мурғоб ва идораи маорифи вилоят бо ирсоли таъйинномае ба маъмурияти Донишгохи Осиёи марказӣ хостори мусоидат намудан дар густариши забони тоҷикӣ дар минтақа шудааст.




Менеҷери корҳои таълимии ДОМ Кишвар Абдулалишоев изҳор дошт, ки онҳо аллакай нақшаи курсҳои омӯзиши забони тоҷикиро барои қирғизҳои ҷумҳурӣ таҳия кардаанд ва он қабл аз ҳама дар маркази ноҳияи Мурғоб дар се зина амалӣ мешавад. Менеҷер оид ба корҳои таълимӣ гуфт,ки ба омӯзиши зинаи аввал онҳое фаро гирифта мешаванд, ки забони тоҷикиро намедонанд. Сипас онҳое, ки аллакай ба забони тоҷикӣ гап мезананд ва малакаи забондониашонро такмил додан мехоҳанд. Ва дар марҳалаи охир тарз ва истилоҳоти коргузории расмӣ таълим дода мешавад. Дар нахустин курси омузиши забони тоҷикӣ кормандони идораи мақомоти иҷроияи муассисаҳои маориф ва фарҳанги ноҳия ҷалб мешаванд.

Мирзоҷалол Шоҷамолов, Хоруғ
XS
SM
MD
LG