Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи забонҳои бадахшонӣ


Cалими Аюбзод Гуфтугӯ бо донишманди тоҷик Боғшоҳи Лашкарбек

21-уми феврал бо қарори Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ эълон шудааст ва ҳадафи ин рӯз ёд овардан аз забонҳоест, ки ба онҳо хатари нобудӣ таҳдид мекунад. Дар Тоҷикистон забонҳои бадахшӣ ва забони яғнобӣ зери ҳимояти қонун қарор доранд, вале оё то кадом андоза аз онҳо ҳимоят сурат мегирад ва корбасти онҳо, пажӯҳишу ҳифзи сарватҳое, ки ин забонҳо барои фарҳанги миллӣ пешкаш мекунад, чи андоза устувор ва густарда аст. Бо ин пурсишҳо ба донишманди саршиноси тоҷик Боғшоҳи Лашкарбек муроҷиат кардем. Вай дар посух гуфт:

"Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки забонҳои помирӣ аз ҷумлаи забонҳои эронии шарқӣ ҳастанд, ки ҳудуди се ҳазор сол қабл дар Осиёи Миёна густариш ёфта буданд. Ва дар Бадахшон пайдоиши ин забонҳо аз 2700 сол пеш ба мушоҳида мерасад, баъдан дар тӯли қарнҳо забонҳои дигари эронӣ, ки дар ин сарзамин буданд, аз байн рафтанд, минҷумла забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ ва ғайра ва яке аз гӯишҳои забони суғдӣ бо номи забони яғнобӣ боқӣ монд ва дар Бадахшон забонҳои бадахшонӣ.

Баъд аз оғози бозсозӣ хеле хушҳол шуда будем, ки Қонуни забон пайдо шуд ва дар зуҳури ин қонун худи мо ҳам кӯшиш мекардем, ки аввалан забони тоҷикӣ мақоми аслии худро бояд ба даст орад ва дуввум, аз забонҳои кӯчаки эронӣ -- яғнобию бадахшонӣ бояд ҳимоя гардад. Қонуни забон мебоист барои рушди ин забонҳо кӯмак мерасонд. Дар ҳақиқат, дар се-чаҳор соли аввал дар нашрияҳои Бадахшон баъзе чизҳо ба забонҳои маҳаллӣ чоп мешуданд, ба забони шуғнонӣ ва ҳатто дар театри Хоруғ як намоиш ба ин забон таҳия шуд, вале баъдан дар иҷрои ин қонун ақибнишинӣ сар шуд ва акнун навиштан, чоп кардан, дарс додан ба ин забонҳо қариб ба мушоҳида намерасад ва ҳатто дар солҳои охир, дар идораҳои давлатӣ ба ин забонҳо ҳарф задан манъ шудааст."

Аммо сабаб чист, ба фикри Шумо, чаро ин тавр шуд?

"Ман фикр мекунам, ин ҳамон шуури давраи коммунистӣ аст, ки дар ҳар як чиз маҳалгароӣ дида мешаваду миллатгароӣ, вагарна забонеро рушд додан ин, албатта, ба суди тамоми миллати тоҷик аст. Вазъи имрӯза боиси нигаронии мардум аст, чунки ин забонҳо ёдгорӣ аз таърих ва тамаддуни мост ва нобуд шудани ин забонҳо ба он маънист, ки мо сарвати худро аз даст медиҳем. Ин буд, ки дар садаи нуздаҳ яке аз забонҳои помирӣ аз байн рафт, яъне забони ванҷӣ. Имрӯз ин ҳол ба забони ишкошимӣ таҳдид мекунад. Дар Афғонистон, дар ҳоли ҳозир ба ин забон танҳо 40 то 50 нафар сӯҳбат мекунад, дар Тоҷикистон ҳудуди 950 то 1000 нафар. "

Вале шояд бархе аз мухолифон бигӯянд, ки ин забонҳо ба дараҷаи кофӣ омӯхта нашудаанд ва корбасти онҳо танҳо ҳараҷу мараҷе ба бор хоҳад овард, фикри Шумо чист?

"Фикр мекунам, ин як ақидаи нодуруст аст. Забонҳои бадахшонӣ аз лиҳози таърихи забон ва сарфу наҳв хеле хуб омӯхта шудаанд. Лексика ва фонетикаи онҳо низ комилан омӯхта шудаанд. Ягона монеъа, ба фикри ман, нодурустфаҳмист. Ҳамон фаҳмиши нодурусти замони коммунистист, ки агар ин забонҳо рушд кунанд, шояд барои умумияти миллат як зараре бирасад. Ин як ақидаи нодуруст аст, албатта. Баъзеи дигар мегӯянд, ин забонҳо, агар хат бигиранд ҳам, барои соҳибонашон ҳеч кӯмаке нахоҳанд кард. Забонҳои аварӣ ва қирғизӣ дар тӯли ҳазор сол хат надоштанд, вале вақте ки дар онҳо хат пайдо шуд, мо медонем, ки нависандаи бузурги қирғиз Чингиз Айтматов ва шоири доғистонӣ Расул Ҳамзатро ба ҷаҳониён муъаррифӣ кард. Зеро ин имкон медиҳад, ки мардум ба он забоне ки фикр мекунанд, боз як чизе эҷод ҳам бикунанд. Ва барои мо ду майдон боз мешавад, яке забони форсии тоҷикӣ ва яке забонҳои маҳаллие, ки мардум ҳамеша бо онҳо гуфтугӯ мекунад."
XS
SM
MD
LG