Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забони тоҷикӣ мемирад?


Бо гузашти 19 сол аз тасвиби қонуни забони тоҷикӣ ва мақоми давлатиро касб кардани ин забон дар Тоҷикистон, ин суол ҳанӯз ҳам матраҳ аст, ки оё воқеан тоҷикӣ - забони модарии аксари мардуми Тоҷикистон ба гунаи мусбат, покизагӣ ва муоширати расмӣ ва коргузорӣ рушд кардааст?

Мардуми Тоҷикистон тасвиби қонуни забони тоҷикӣ дар соли 1989-ро қадами ҷиддӣ дар ҳифзи бештари забони тоҷикӣ унвон кардаанд, аммо бештари соҳибназарон ва муборизони ҷабҳаи покизагиву мақомдории забони тоҷикӣ бар инанд, ки коре, ки дар маврид бояд дар мӯҳлати начандон тӯлонӣ анҷом мешуд, то кунун идома дорад ва ҳам ба кундӣ пеш меравад. Зеро мегӯянд, бар изофаи он ки дар бархе маворид ҳатто соҳибони забони тоҷикӣ мавриди муошират ба забонҳои ғайр авлавият медиҳанд, ҳанӯз ҳам забони коргузорӣ ва илм дар кишвар комилан тоҷикӣ нест ва дар мавриди тоҷикисозии забони ин бахшҳо аз иқдомоти ҷиддӣ кор намегиранд.

Вале масуълини комиссиюни татбиқи қонуни забони тоҷикӣ ҳарчанд вуҷуди мушкил дар мавридро комилан рад намекунад, аммо мегӯянд, ин теъдод мунақиддин дар бештарин маврид ноогоҳона аз кори анҷомшуда сухан мегӯянд.

Дар ҳамин ҳол, Ғаффор Ҷураев, раҳбари дастгоҳи кории комиссиюни татбиқи қонуни забони тоҷикӣ аз он изҳори нигаронӣ дорад, ки дар махлутшавии забони тоҷикӣ бо дигар забонҳои ғайр ва риоят нашудани имло ва сарфу наҳви забони тоҷикӣ хидмати «хирсонаи» матбуот ва васоити ахбор зиёд ба назар мерасад. Ва мегӯяд, ба истилоҳ «забондондонии» ин гурӯҳ соҳибони забон мардумро ҳатто бо иштибоҳ меандозад.

Раҳбари дастгоҳи кории комиссиюни татбиқи қонуни забони тоҷикӣ аммо мутмаин аст, ки феълан хатари маҳвшавӣ дар қиёс ба 20 соли пеш домани забони тоҷикиро раҳо кардааст, зеро мегӯяд, тоҷикӣ забони давлатдорӣ аст ва аз сӯи давлат ҳифз мешавад.

Дар Тоҷикистон бо шумули забони тоҷикӣ 10 забони дигари кӯчакӯ бузург мавҷуд аст, ки бар изофаи 5-6 забони дар хориҷ мақоми давлатӣ дошта, боқӣ зери хавфи маҳвшавӣ қарор дорад. Аксари ин забонҳо қадимӣ ва забони сокинони қадимии минтақа аст, ки бо гузашти замон ва маҳви мероси таърихии адибиёту фарҳанг бо он забонҳо, ҳастии онҳо зери хавфи ҷиддӣ қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG