Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи Хуршеда Султонова - «Адолат тӯъмаи сиёсат шуд?»


Пас аз 6 моҳи норӯшани барои нахустин бор додситонии шаҳри Санкт-Петербург эълом дошт, ки 8 нафарро бо ҷурми даст доштан дар куштори Хуршеда Султонова - духтари 9-солаи тоҷик, ки авоили феврали соли 2004 бар асари як ҳамлаи гурӯҳи 11 нафара ба қатл расидааст, боздошт кард. Ва аммо муҳимтар аз ҳама ин аст, ки муовини додситон мегӯяд, дар ҷузъиёти парванда тағйирот шудааст.

Дар додситонӣ ҳамакнун фарзияи дигар матраҳ мегардад, ки тибқи он Хуршеда аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони маст, аммо на скинхед ба қатл расидааст. Ин дар мавридест, ки тибқи иттилоъи расонаҳои хабарӣ, рӯзҳои аввали ҳодиса чанд гурӯҳи ғайриқонунии фашистӣ аз ин амал пуштибонӣ кардаанд ва эълом доштаанд, ки куштор кори дасти онҳост.
Андрей Потапенко, муовини раиси Оҷонсии тадқиқоти журналистии Русия мегӯяд, бо ин амал скинхедҳо мехостаанд, ки барои худ як маъракаи таблиғотӣ таъсис бидиҳанд: «Ҳукумат намехоҳад, ин фарзия баррасӣ гардад, зеро ин барои скинхедҳо ба як маъракаи таблиғотӣ табдил меёбад. Мо низ инро мефаҳмем ва кӯшиш мекунем, ки камтар дар бораи гурӯҳҳои фашистӣ нависем.»
Ва аммо Назар Мирзода - раиси Ҷамъияти тоҷикони Санкт-Петербург мегӯяд, аз парвандаи ҷиноӣ барчидани фарзияи скинхедҳо решаҳои иқтисодӣ дорад. Мусоҳиби ман меафзояд, ин шаҳр усулан як мавзеъи сайёҳон аст ва губерния аз ҳисоби ҷаҳонгардон даромади ҳангуфте ба даст меорад ва талаққии қазияи Хуршеда Султонова ҳамчун ҳамалоти фашистӣ болои ғайрирусон, теъдоди сайёҳонро кам карда, ба буҷаи шаҳр зарари чашмрас меоварад.
Дар бастагӣ ба мавзӯъ сӯҳбати телефоние доштам, бо Анатолий Скуковский муфаттиши додситонии Санкт-Петербург. Ба суоли ман, ки «Дастандаркорони қатли Хуршеда оё миллатгароён будаанд ё на?» додситон гуфт, ки:
«Ин гурӯҳи ҷавонони авбош будаанд, ки баъди нӯшидани май маст шуда, ноогоҳона ба тоҷикон дарафтодаанд. Дар ибтидот мо низ гумон доштем, ки инхо скинхеданд. Аммо дар ҷараёни тафтишот муайян гардид, ки онҳо шомили ягон гурӯҳи миллатгаро нестанд.»
Ва аммо Андрей Потапенко - муовини раиси Оҷонсии пажӯҳиши журналистии Санкт-Петербург мегӯяд, ки қотилони Хуршеда скинхед будаанд: "Медонед, инҳо авбошоне буданд, ки худро скинхед меноманд."
Аз ҷониби дигар Назар Мирзода, раиси Ҷамъияти тоҷикон мегӯяд, ки бархе аз қотилонро шоми дигари ҷиноят ҳабс кардаанд. Аммо бо ин иддао, ки бархе аз онҳо аз хонаводаҳои мақомоти қудратӣ будаанд, ҷавононро субҳи дигар озод кардаанд: «Политсия он ҷавонҳоро ҳамон шаб дастгир карда бурд, вале чун фаҳмиданд, ки падарҳои онҳо дар вазорати умури дохилаву дигару дигар кор мекунанд, ҳамаашонро озод карданд.»
Ва аммо дар маркази матбуоти пулиси ҷиноии Санк-Петербург ин иддаоро такзиб карданд. Валерий Вехов, масъули маркази матбуотии раёсати умури дохила мегӯяд: "Ин даъво, ки чинояткорон аз хонаводахои сарватманд ва раёсати умури дохилаанд, умуман далел надорад. Ин хабарро душманони пулиси Питер аз худ бофтаанд."
Ва аммо Андрей Потапенко, ки дар ин мавзӯъ як тадқиқоти вижаи журналистӣ пеш бурдааст, аз даъвои Назар Мирзода ҷонибдорӣ кард.
Ӯ гуфт: «Қотилони Хуршеда дар наздиктарин фурсат боздошт шуданд. Аммо мақомоти қудратӣ нахост, ин ҳодисаро рӯшан намояд. Зеро боздоштшудагон аз як ҷониб ноболиғ бошанд, аз сӯи дигар онҳо аз хонаводаҳои масъулини баландмақоми шаҳр буданд, ки нахостаанд, ин далел фош гардад.»
Дар ҳамин маврид, «Тайный Советник», ҳафтавори бонуфузи Русия дар шумораи 10-уми худ, аз 15 марти соли 2004 навиштааст, ки бархе аз боздоштшудагон аз хонаводаҳои бонфузанд. Ба унвони мисол навиштааст газета, як тан аз ҷинояткорон аз табори генерал-лейтенанти мақомоти қудратии Русия будааст.
Дар ҳамин маврид аз 11 нафар ҷинояткор танҳо 6 нафар зиндонианд. Ду тани дигар бо ин далел, ки синнашон аз 15 сол пойин аст, аз маҳбас озод шудаанд. Шахсияти 3 нафари дигарро тафтишот муайян накард. Ва аммо боздоштшудагон тибқи парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми авбошӣ ба додгоҳ кашида мешаванд.
Додситонӣ мегӯяд, ин 8 тан дар куштор даст надоштаанд. Аммо Юнус Султонов - падари Хуршеда мегӯяд, ки дар шоҳидии ӯ як тан аз ҷавонони боздоштшуда, дар куштор даст доштани худро таъйид кард: «Маро дар мошин ҳамон ҷое бурданд, ки гунаҳгор ба пурсишҳои пулис ҷавоб мегуфт. Ман як ҷавонро дидам, ки нишон медод, чӣ хел маро задааст ва дар кучо кӯдак хоб буд. Шишаҳо сиёҳ буданд ва ман тирезаро камтар поин кардам, ки хубтар бинаму шунавам. Милиса аз ӯ мепурсид, ки чӣ тавр ва бо кадом даст задӣ , ӯ мегуфт, ки «бо дасти рост ва поям ба ин ҷояш зарба задам.»
Гузоришҳои додситонӣ онгуна садо медиҳанд, ки ин ҷавонон Хуршедаро накуштаанд. Аммо дар асл воқеа чӣ гуна рух дод?
Назар Мирзода мегӯяд, ҳини куштор Юнус беҳуш будааст. Аммо шоҳиди дигари воқеа ҳамаи ин даҳшатро медиду мешунид: "Ман худам ҳисоб кардам, ки ба бадани Хуршеда 11 корд зада буданд. Он шаби ваҳшатбор Хуршеда дастҳояшро бардошта, дод задааст, ки падарамро назанед. Ва ӯро бо корд задаанд, ба дасту камар, бадан. Кӯдаки дуюм, ки додарашон, писари холаашон буд, афтида, зери мошин рафтааст ва ӯро наёфтаанд, вагарна ӯро ҳам мекуштанд."
Хурдтарин шоҳиди ҳодиса Абубакр Ниёзови 7-сола аст, ки он шаб мавриди ҳуҷуми ҷавонон қарор дошт.
Ӯ мегӯяд: «Аз қафомон рафтанд ва заданмон. Ман намедонум, маро бо чӣ заданд. Медонам, ки бо чизе заданд ва ман таки мошин афтидам. Худам ҳам нафаҳмидум, ки чӣ хел таки мошин афтидум. Хуршеда бошад, дод мезаду дод мезад, ӯро мезаданд. Ӯ фақат дод мезад. Аввал дадаи Хуршедаро дидем, ҳардумон, ки бо дубинка заданд. Баъд Хуршедара заданд. Баъд мара заданд.»
Қазияи Абубакр боз ҳам печидааст. Ӯро танҳо тасодуф аз марг наҷот дод. Ӯ 6 моҳ мешавад, ки ба Ватан баргашта наметавонад. Моҳи апрел, Абубакр хост, ки бо падар ба Душанбе баргардад. Аммо дар қатори Русия -Тоҷикистон падари Абубакрро ашхоси ношинос боздошт карда, бо худ мебаранд. Абубакр танҳо дар ёд дорад, ки падар аз ӯ хоҳиш кардааст, ки худро пинҳон кунад. У мегӯяд:«Дадам нестай. Дадам гум шуд. Милиса гирифта, аз поезди Тоҷикистон бурд. Дигар ӯро надидаам.»
Абубакри 7 соларо холааш, Ҳалима Султонова чанде баъд аз шаҳри Аштархон ёфта, бозпас ба Петербург меорад ва ҳамакнун ин кӯдак, ин шоҳиди кӯчаки куштори бераҳмонаи кӯдаки дигар дар зерхонае ба сар мебарад ва пайвандон ӯро аз ҳама пинҳон медоранд. Меъроҷ Ниёзов - падари Абубакр то ҳанӯз бенишон аст.
Ҳалима Султонова - шоҳиди дигари воқеа мегӯяд, ба ӯ пайваста таҳдид мекунанд: «Ба ман мегӯянд, ки ту наметарсӣ, ту 2 кӯдак дорӣ. Ба даҳонат об гирифта гард! Ман ҳарчанд, ки аз тарс ба берун намеравам, ба онҳо мегӯям, ки не, наметарсам!»
Юнус Султонов - падари Хуршеда меафзояд, ки замони ахир мавриди шиканҷаи пулис қарор дорад: «Милиса маро борҳо дошта таҳқир мекунад. Кормандони пулис мегӯянд, ки « ту маводи мухаддир мефурӯшӣ, агар намефурӯхтӣ, духтаратро намекуштанд.» Онҳо маро ҳақорат мекунанд. Боре як пулис ба мошин дароварда, гуфт, ки агар наравӣ мурданивор мезанемат. Онҳо гуноҳро дар сари ман задан мехоҳанд. Агар гуноҳро ба сари ман зананд-ку.. ман ин корро ин хел намемонам. Ман ҷонамро барои духтарам, барои оромии рӯҳи ӯ мебахшам. Бигзор пас маро ҳабс кунанд. Аммо ман аз роҳам намегардам.»
Дар ҳамин ҳол, ягон ҳуқуқшинос нахостааст, дар ин қазия вакили мудофеъ бошад. Ҷамъияти тоҷикони Петербург пас аз хомӯшии тӯлонии ҳукумати Тоҷикистон аз созмони байналмилалии ҳуқуқшиносони Маскав "ЮРИКС" талаб кард, ки ягон нафарро вакили Юнус Султонов таъйин кунанд. Бар ивази 45000 рубл баробар ба 1500 доллари амрикоӣ ин созмон Владимир Захаровро вакили мудофеъи Султоновҳо таъйин кард. Ва аммо Юнус ва Ҳалима мегӯянд, ки то ҳанӯз ин вакилро надидаанд: «Адвокати мо аз мо мегурезад! Ӯро мо ба чашм надидаем.” Коршиносон мегӯянд, 8 тан аз боздоштшудагон ба ҳеҷ ваҷҳ бо иттиҳоми қатли кӯдаки ноболиғ муҷозот намегиранд. Ҳадди охир онҳоро муҷозот барои авбошӣ интизор аст. Ин дар мавридест, ки ба иттилоъи Владислав Пиотровский - муовини додситони Петербург ҳамаи боздоштшудагон гуноҳи худро дар куштори Хуршедаи 9-сола қаблан эътироф кардаанд.
Владимир Захаров - вакили мудофеъи Султоновҳо мегӯяд, дар таҷриба ҳамингуна парвандаи ҷиноӣ кам ба назар мерасад, ки одамро ба қатл расонидаанд, вале ҷинояткорон бо дигар ҷурм ҳабс шудаанд: « Бо иттиҳоми куштор ягон нафар дастгир нашудааст. Ҳамаи онҳо, бо ҷурми авбошӣ боздошт шудаанд.»
Ҳамаи ин сару садо дар ҳоле ба гӯш мерасанд, ки дар акнофи шаҳр шиорҳои скинхедҳо баландтар садо медиҳанд. Гурӯҳи ҷавонони питерӣ, аз ҳизби ЯБЛОКО дар рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдак, 1 июн ба нишони эътироз аз фаъолияти гурӯҳҳои скинхед, рӯи хоки мавзеъеро, ки Хуршеда ба қатл расидааст, гулборон карда, дар девор навиштаанд, ки «Атфоли худро дифоъ мекунем!». Ва аммо чанд соат баъд болои ин навиштаҷот шиори дигари «Марг ба сарсиёҳон!» бо свастика ё худ салиби гитлерӣ пайдо шуд...
XS
SM
MD
LG